Агентии беҳдошт: 346 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар ҷумҳурӣ мавҷуд аст

Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст.

Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, оид ба амалӣ намудани пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи беҳдошти замин ва заминҳои обёришаванда, истифода ва нигаҳдошти объектҳои хоҷагии об, таъминот, истифода ва ҳифзи об фаъолиятро анҷом медиҳад.

Муовини якуми директори Агентӣ Сироҷиддинзода Баҳриддин, гуфт, дар ҳамкори бо Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ҷиҳати пардохти саривақтии ҳаққи хизмати обрасонӣ ва дар ин замина кам кардани қарзҳои дебиторию кредиторӣ чораҳо андешида, иҷрои Фармони Агентиро дар хусуси ба андозаи 10 фоиз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ  ба суратҳисоби Агентӣ гузаронидани маблағҳоро таъмин намуд;

“Ҳамзамон, Агентӣ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкориро дар ҳудуди идораву муассиса ва сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат бахшида, барои ташкили чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст”, – гуфт Сироҷиддинзода Баҳриддин.

Зикр гардид, ки Агентӣ, инчунин, корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, назорати ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи об дар заминҳои кишоварзӣ, танзим ва дастгирии давлатии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва идоракунии захираҳои об дар системаҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар асоси идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар сатҳи ҳавзаҳо ва зерҳавзаҳои дарёҳои хурду калон амалӣ менамояд.

Тоҷиддин САТТОРЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE