Кӯлоб: Ҷаримаи 352 соҳибкорон барои риоя накардани қоидаҳои савдо

Бо мақсади амалӣ намудани тартиби коркарди маҳсулоти ғайристандартӣ ва пешгирӣ аз фурӯши  маҳсулоти муҳлаташон гузашта масъулини нозироти савдои Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб то ин муддат кори 287  нуқтаи савдо, бозорҳо ва мағозаҳои хӯроки умумиро санҷиданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ сардори раёсати мазкур  Ҷурахон Сайдализода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Дар натиҷа барои риоя накардани қоидаҳои савдо  ба 352  нафар соҳибкорони нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба маблағи 43 680  сомонӣ муқаррар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104 ҷарима зиёд мебошад.

Кормандони шуъбаи нозироти савдо аз  224  нуқтаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ намуна барои ташхис гирифта, 26 адад фурӯзонакҳои симобдор, 18 адад фурӯзонакҳои тафсон ва 150 адад бозичаҳои чиниро  аз муомилот гирифтанд. Аз намунаҳои гирифташуда  дар 192 ҳолат маҳсулоти хӯрокворӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ набуд.

То ин давра маҳсулоти хӯрокворӣ,  аз ҷумла қаннодӣ-  219 кг,  маҳсулоти ғайримашруботӣ — 286 л, чой — 6,5 кг,  маҳсулоти ширӣ — 14,3 кг, маҳсулоти гӯштӣ — 5 кг, қайлаи помидор — 7,4 кг, намак — 18 кг ва дигар маҳсулоти муҳлати  истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шуданд.

Зикр шуд, ки  шуъбаи сертификатсиякунонӣ ва шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ барои мувофиқи матлаб ба иҷро расонидани  кори ба тартибдарориву сертификатсия намудани нуктаҳои кору  хизматрасонӣ,  ошхонаву чойхона, мағозаю бозорҳо ва нуктаҳои  дигари  кору хизматрасонӣ,  иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои давлатӣ ҳуҷҷатҳои меъёриро дастраси кори хеш қарор дода, ба 370 соҳибкор шаҳодатномаи кору  хизматрасонӣ муқаррар намудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE