КҲФ МГ: Аз худсарона кандани ангишт дар конҳо худдорӣ намоед!
2 январи соли 2022 чор нафар сокинони деҳаи Ғезани Поёни Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, ки ду нафари онҳо бародарон буданд, ҳангоми ангишткании ғайриқонунӣ дар кони ангишти наздикии мавзеи Ишакон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз гази карбон заҳролуд шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вақте шабона онҳо ба хона барнагаштанд, пайвандонашон ба ташвиш омада, ҳамаро ба по хезонданд. Соати 20:30 ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз респираторҳо вориди кон шуданд ва ҷасади ҳалокшудагонро берун оварданд.
Барои таҳлилу ташхиси сабаби ин ҳодиса гурӯҳи фаврӣ-тафтишӣ ташкил шудааст. Ҳалокшудагон 33, 38, 51, 54 сол дошта, соҳиби оилаву фарзандон буданд. Дар иртибот ба ин ҳодиса Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки аз худсарона ва бе риояи қоидаҳои бехатарӣ кандани ангишт дар конҳо ва манбаъҳои ангишт худдорӣ намоянд, зеро ин кор оқибати хуб надорад. Танҳо кӯҳканҳои ботаҷриба ва кормандони конҳо метавонанд бо доштани сару либоси махсус ва воситаҳои техникӣ, ҳамчунин риояи ҷиддии кулли қоидаҳои бехатарӣ машғули ин кор шаванд.