Фархор: Боз 20 оилаи дигар соҳиби ҷойи кор шуданд

Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо – 2» имкон фароҳам овардааст, ки дар баробари мардон даҳҳо занони хонашини ноҳияи Фархор низ ба фаъолияте машғул шуда, сатҳи иқтисодию иҷтимоии хонаводаҳои худро беҳтар гардонад. Сокинони ин деҳот ташкили чунин шароит ва дастгириҳоро аз сиёсати мувафақонаи Ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии сокинони куҳистон медонад.

Дар доираи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо -11» аз ҷониби «Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ» маблағгузорӣ мегардад, ки татбиқгари он Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» мебошад, ба 50 хонаводаи деҳаи Куҳдомани ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор 240 сар мурғи марҷон ва се адад инкубатори чӯҷабарорӣ дастрас карда шуд.

Бахтиёр Узбеков, сокини деҳаи Куҳдоман, мегӯяд, бо аҳли оилааш ба мурғпарварӣ шуғл дошта, яке аз инкубаторҳоро дар хонаи ӯ ҷойгир буда, дар баровардани чӯҷаҳои сокинон ба василаи ин таҷҳизот ба мардум кӯмак мерасонанд. Тавре номбурда гуфт, занони хонашини ин деҳа имрӯзҳо бо ҳавасмандӣ ба парвариши паранда машғул гардида, аз ҳисоби даромад аз он буҷаи оилаи худро ғанӣ гардонида истодаанд.

Ба гуфтаи сокинони деҳаи Куҳдомани ноҳияи Фархор ба василаи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо -11» занону духтарони ноҳия тавонистанд паррандапарвариро боз ҳам ривоҷ дода, саршумори онро дар хонаводаҳо то ба 200 сарӣ расонанд. Ба маълумоти онҳо, як инкубатор ба панҷ зан вобаста карда шуда, ҳар як аз онҳо тавони онро дорад, ки давоми 21 рӯз аз 180 тухм чӯҷа барорад. Бонувону духтарони ин деҳа мегӯянд, лоиҳаи давлатии «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо – 11» тавонист даҳҳо занони хонашинро ба паррандапарварӣ ҳавасманд намояд.

Зебуниссо Мирзоева сокини дигари деҳаи Куҳдомани ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор аст, ки имрӯз оилаи онҳо аз ҳисоби паррандапарварӣ эҳтиёҷоти худро бо гӯшти парҳезӣ таъмин менамояд. Ба назари ӯ, дар баробари иқлими хос ин деҳаи дорои заминаи хуби паррандпарварӣ доро мебошад.

Ба таъкиди масъулин, яке аз самтҳои лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо – 11» ин фаъолиятҳои даромадовар барои занон мебошад, ки он чор самт – занбӯри асалпарварӣ, паррандаи хонагӣ, хучпарварӣ ва рушди занҷираи истеҳсоли шир дар панҷ ноҳияи зерҳадаф – Восеъ, Данғара, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва шаҳри Кӯлоб фаро гирифтааст.

Ба гуфтаи Шаҳрбону Вализода, мушовири миллӣ оид ба сиёсати гендерӣ ва ҷавонон дар лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо – 11» дар доираи ин лоиҳа дар панҷ ноҳия дар маҷмуъ 950 зан ба шуғл фаро гирифта шудаанд.

Ба андешаи масъулини Муассисаи далатии “Маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо”, ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳияҳоизерҳадаф мебошад, ки имрӯзҳо пас аз татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо – 11» он баръало ба мушоҳида мерасад. “Аз ҷониби мушовирони лоиҳа имрӯзҳо миёни аҳолӣ ва занони деҳот, ки дар ин фаъолиятҳо ба пешрафт ноил гардидаанд, машваратҳо гузаронида мешаванд, ки то баъд аз анҷоми лоиҳа низ ин фаъолиятҳо устувор монад ва миёни ин табақаи ҷомеа ба хотири боло бардоштани сатҳи иқтисодию иҷтимоӣ рушд намояд.

Тоҷиддин САТТОРОВ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE