Мулоқоти Қаҳҳорзода бо Мухаммедгелди Сердаров
28 июл Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Вазири молия ва иқтисоди Туркманистон Мухаммедгелди Сердаров мулоқот намуд.
Мулоқот дар ҳошияи баргузории ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ доир гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.