Ҷоми Аврупо: Медали нуқраи Маҷидов оид ба дзюдо миёни калонсолон

Паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни калонсолон, ки 7-8 август дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Русия баргузор гардид, сазовори медали нуқра шуд. Дар ин бора аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -90кг дар даври аввал Ёқубҷон Назирови тоҷикро, ки таҳти парчами Русия ҳунарнамоӣ мекунад, шикаст дод. Дар даври чорякниҳоӣ Эмил Қурбонови русро мағлуб кард ва ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар даври нимниҳоӣ бар варзишгари дигари мизбон Адам Утсиев пирӯз шуд, вале дар рақобат барои нишони тилло аз Мирзо Шикориев (Русия) мағлуб гардид ва соҳиби медали нуқра шуд. Ду варзишгари дигар – Алиҷон Сафаралиев ва Амирҷони Насимҷон ҷойи ҳафтумро сазовор гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки  дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо 197 варзишгар (130 мард, 67 зан) аз 14 давлат ширкат карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз 8 нафар – Давлаталӣ Назаралиев (-60кг), Алиҷон Сафаралиев (-66кг), Маҳмудҷон Раҳимов (-73кг), Ҳақназар Назаров, Хушвақт Идиев (-81кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Амирҷони Насимҷон (-90кг) ва Абубакри Акобир (-100кг) иборат буд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE