Президенти Конфедератсияи футболи Осиё бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа нимаи дуюми 5 май бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати КФО-ро ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, ноибони президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов, инчунин котиби генералии ФФТ Давлатманд Исломов пешвоз гирифтанд.

Дар ҷараёни сафари корӣ президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ва дабири кулли КФО Датук Сери Виндзор Ҷон бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир намуда, масъалаҳои рушди футбол дар кишварро баррасӣ менамоянд.

Илова бар ин 7 май дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мешавад, ки дар он роҳбарияти КФО ширкат мекунад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE