Деваштич: Тақдими туҳфаи Пешвои миллат ба сокинон
Аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи гаронарзиш — китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба сокинони ноҳияи Деваштич тақдим гардид.
Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода зимни қабули туҳфаи Пешвои муаззами миллат — китоби «Тоҷикон» таъкид намуд, ки он ба ҳар оилаи ноҳия дастрас мегардад.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим мегардад.