Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Турсунзодаро ифтитоҳ намуданд

26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода боғи фарҳангу фароғатии шаҳрро, ки аз нав сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи фарҳангу фароғатӣ дар маркази шаҳри Турсунзода дар масоҳати умумии 3,6 гектар аз ҷониби соҳибкорони ташаббускори шаҳр бо тарҳи муосир ва унсурҳои шаҳрсозии миллӣ бо назардошти талаботи замони имрӯза ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст. Фармоишгари иншооти фарҳангӣ, ки ба ҳусни шаҳр зебоии хосса зам кардааст, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода мебошад.

Дохил ва роҳравҳои боғи навбунёд пурра бо гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ сабзазор гардонда шуда, барои хуррамгардонӣ бештар аз 200 бех дарахти ороишӣ, 10 ҳазор гулҳои доимӣ ва 60 ҳазор мавсимӣ шинонда шудаанд. Бо мақсади таъмини сабзиш ва нашъу намои дарахтон ва гулу буттаҳо обёрӣ гардидааст.

Бо мақсади зебову назаррабо гардондани боғи фарҳангӣ даромадгоҳ ва роҳравҳои он сафолакпӯш гардидаанд. Мувофиқи нақшаи асосӣ дар ҳудуди боғ фаввора ва дигар таҷҳизоти дилхушкунанда насб гардидаанд, ки аз ин пас сокинону меҳмонони шаҳри Турсунзода дар ин макон истироҳат менамоянд.

Дар дохили боғи нав қасри шоҳмот, амфитеатр бо 7 мағозаи фурӯши армуғон ва ҳунарҳои мардумӣ, шаҳраки афсонаи «Аладдин» бо ҷойгир намудани 12 аттраксион, ҳайкалчаҳои ҳайвонот, зиёда аз 200 таҷҳизоти равшанидиҳанда, нишастгоҳҳо, ду майдончаи варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст ҷойгир карда шудаанд. Фароҳам овардани чунин шароит имконият медиҳад, ки наврасону ҷавонон вақти холигии худро босамар истифода бурда, ба варзиш машғул шаванд ва аз дигар имконияти боғ пурсамар истифода баранд.

Инчунин дар инҷо лавҳаи ташрифи меҳмонони олиқадр ба шаҳри Турсунзода, қаҳрамонони меҳнат, муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ошхонаи миллӣ, 3 нуқтаи бозӣ ва ҳавзи шиноварии кӯдакона бунёд ёфтаанд, ки барои истироҳату фароғати сокинон муносиб мебошанд.

Дар дохили боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Турсунзода амфитеатр низ сохта шудааст. Амфитеатр аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо сифати баланд бунёд гардида, барои баргузор кардани барномаҳои фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои ҷашнӣ шароити созгор муҳайё карда шуд. Дар асоси лоиҳа амфитеатр дорои қариб 700 ҷойи нишаст буда, дар он нишастгоҳҳои замонавӣ насб шудаанд. Масоҳати умумии он 3 ҳазору 100 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Атрофи амфитеатр низ сабзу хуррам гардонда шуда, ба макони зебою дилписанди сокинон табдил ёфтааст.

Пас аз бунёди боғи фарҳангу фароғатӣ дар маркази шаҳри Турсунзода бо ҷойгир намудани қасри шоҳмот, амфитеатр ва дигар иншооти варзишию солимгардонӣ ва насби аттраксионҳои нави кӯдакона сокинону меҳмонони шаҳр имкони мусоиди истироҳату фароғат пайдо карданд. Сокинони шаҳр ҳамаи пешравӣ ва муҳайё сохтани зиндагии шоистаро, ки дар заминаи такмили инфрасохтори шаҳр ба миён омадааст, натиҷаи сиёсати бунёдкорони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мекунанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE