Дастовардҳои шаҳри Роғун дар масири 30 – соли соҳибистиқлолӣ
Роғун шаҳре зебо бо манзараҳои дилфиреб дар миёни куҳсор. Шаҳре, ки манбаи тавлиди нур хоҳад буд. Шаҳре, ки ҳазорон ҳазор чашмҳо дида ба он медўзанд ва дар қалбҳо умедвориҳо гул мекунанд. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ омадааст, ки номи «Роғун» аз ду бахш – «роғ» ва «ун» иборат аст. «Роғ» вожаи сирф ориёӣ буда, аз қадимулайём дар забони форсии бостон, форсии миёна ва забони форсии нав (порсӣ, дарӣ) то имрўз ба кор бурда мешавад. Шаҳри Роғун дар идомаи доманаи ғарбии куҳҳои Помир, дар байни қаторкуҳҳои Дарвоз ва Қаротегин, дар соҳили рости рўди Вахши пуртуғён ҷойгир буда, бо ноҳияҳои Балҷувону Нораки Вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Нурободу Файзобод ҳамсарҳад аст.
Нахуст рӯ меорем ба сафҳаҳои таърих, то аз мароҳили таъсис ва ташаккули ин шаҳри саноатӣ бароятон маълумот диҳем. Шаҳри Роғун дар қисмати шарқии кишвар, дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир аст. Масоҳати умумии он 661 км2– ро ташкил дода, ба ҳайати шаҳр 3 ҷамоат шомиланд: ҷамоати шаҳраки Оби Гарм ва ҷамоатҳои деҳоти Қади Обу Сичароғ. Ба шаҳодати муаррихон, таърихи ташаккули шаҳр ҳанӯз ҳам ба пуррагӣ омухта нашудааст. Бо назардошти он, ки дар ҳудуди ноҳияи Файзобод соли 1976 сохтмони НОБ-и азими Роғун оғоз гардид, 25 декабри соли 1986 шаҳрчаи сохтмончиён бо номи Роғун ташкил гардида, шаҳраки Оби Гарм ҳамчун ҷамоат дар ҳайати он ворид шуд. Вале бозёфти олоту асбобҳои қадима аз ҷониби шаҳрвандон ва номи қадимаи баъзе деҳаҳо, аз ҷумла Камари Муғул ва Қалъаи Кофар гувоҳи он мебошанд, ки диёри имрӯзаи Роғун таърихи қадима дорад.
Дар ибтидои таъсисёбиаш шаҳр ҷамоати шаҳраки Оби Гарм ном дошт, ки он шӯрои ҷамоат ва деҳаҳоро дар бар мегирифт. Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм маркази шаҳр интихоб гардида, баъдан марказ ба шаҳри навбунёди Роғун, ки дар пойгоҳи деҳаи Майдон бунёдгашта буд, кӯчонида шуд. Шаҳри Роғун ба дарёи Вахш наздик буда, дорои табиати ҳамешасабз аст. Иқлими мусоид ва заминҳои ҳосилхез имкон медиҳанд, ки соҳаҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ дар шаҳр рушду нумӯъ кунанд. Дар ин мавзеъ драхтони мевадори себ, тут, чормағз, анор, зардолу, нок ва ангур парвариш карда мешаванд. Дар соҳаи кишоварзӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳа ва иҷрои барномаҳои дар ин самт қабулгардида тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд.
Ғаюрзода Қадриддин, мудири шуъбаи кишоварзии шаҳр, мегӯяд, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2021 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба беш аз 60 миллион сомонӣ расид. Шумораи хоҷагиҳои хурду калони деҳқонӣ дар шаҳри Роғун ба беш аз 2000 адад расонида шуданд. Майдони умумии кишти зироатҳо 2214 гектарро ташкил медиҳад, ки аз 587, 6 га. ғалладонагӣ, 109 га. картошка, 38 га. сабзавот, 34, 5 га. зироатҳои техникӣ, 1 га. полезӣ ва 279 га. хуроки чорво мебошад. Саршумори чорвои калони шохдор дар шаҳр ба 18846 сар, чорвои майда 72844 сар ва парранда ба 26438 сар расонида шуд.Барои зимистонгузаронӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр дар ҳаҷми 5000 тонна хӯроки чорво захира карда шудааст.
Тибқи шаҳодати арқому омор то моҳи июни соли 2021 аҳолии шаҳри Роғун 46 ҳазору 147 нафар ё 0,5 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аҳолии шаҳр 22 ҳазору 969 нафар занҳо ё 48,6 фоиз ва 23 ҳазор 187 нафар мардҳо ё 51,4 фоизро ташкил медиҳад. Шаҳр аз рӯи хусусияташ саноатӣ буда, 49,7 фоизи аҳолӣ дар деҳот ва 50,3 фоизи онҳо дар шаҳр истиқомат доранд. Аз шумораи умумии аҳолии қобили меҳнат 97,8 фоиз аҳолии дар иқтисодиёт машғулбуда, 10,5 фоиз дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва 2,2 фоиз бекорони расман бақайдгирифташуда мебошанд.
Қурбоналӣ Худоёрзода, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр дар ин робита мегӯяд, тайи ду соли охир шумораи бекорони расман бақайдгирифташуда рӯ ба афзоиш дорад, ки ин асосан аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатие, ки бо сабаби паҳншавии бемории коронавирус воридшавиашон ба Федератсияи Росия манъ карда шудааст. Барои паст намудани сатҳи бекорӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷои кори доимӣ дар доираи Барномаи рушди шаҳр барқарор намудани корхонаи бофандагӣ ва дигар корхонаҳои саноатӣ дар назар аст. Сохтори таркиби аҳолии шаҳри Роғун аз тоҷикон, русҳо ва дигар миллатҳо иборат аст. Дар самти бакортаъминкунии аҳолӣ дар ин муддат аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ борҳо ярмаркаи ҷойҳои кории озод ва холӣ гузаронида шуда, афроди бидуни шуғл ба кор ва бонувони хонашин ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд.
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпеша ва саҳми аҳолию дастгирии мақомоти иҷроия дар ҳудуди шаҳр бунёди 145 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 113 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Ба таъкиди Раҳмиддин Зайдов, сармеъмори шаҳр, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома доранд. Мавсуф гуфт, аз 145 иншооти нақшавӣ 15 адад ба соҳаи маориф, 7 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 10 иншоот ба соҳаи фарҳанг, 9 иншоот ба соҳаи варзиш, 7 иншоот ба соҳаи кишоварзӣ, 19 иншоот ба соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рост омада, 8 адад корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ва 4-то ҳаммом ва кошонаи ҳусн мебошанд. То имрӯз дар ҳамаи иншооти ба истифода дода шуда 1079 ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ муҳайё карда шудааст.
Сармеъмори шаҳр гуфт, моҳи сипаригардида дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҳаллаи Ёли гармобаи Ҷамоати деҳоти Қади об кошонаи ҳусн ва мағозаи хӯрокворӣ, дар маҳаллаи Майдони нави шаҳри Роғун Маркази ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва дорухона, дар деҳаи Ҷавонӣ маркази хизматрасонӣ, иборат аз кошонаи ҳусн, мағоза, нуқтаи шустушӯйи мошин ва таъмири нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, 2 километр роҳи деҳаи Ҷавонӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ асфалтпӯш карда шуд.
Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд. Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар зери назар ва пуштибонии худ қарор дод, зеро масъалаи маориф дар таълиму тарбия чун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта мавриди таваҷҷуҳи доимии давлат ва маорифи он қарор дорад.
Дар тамоми ҷабҳаҳо, аз бунёду азнавсозии мактабҳо то компютеркунонию бо тахтаҳои электронӣ таъмин намудани таълимгоҳҳо, омӯзиши сифати нави забонҳои хориҷӣ (русию англисӣ), таъсиси озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ, ба роҳ мондани таълиму тарбия дар асоси талаботи замони муосир дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомузӣ фаро гирифтани омӯзгорону устодон, вусъати тоза пайдо кардани ҳаракати олимпӣ ва амсоли инҳо пешравиҳои назаррас ва тасаввурнопазир сурат гирифтаанд, ки ин пешравии босурати маорифи Тоҷикистонро аён ва маънидод менамояд.
Мудири маорифи шаҳри Роғун Муҳайё Юнусӣ, мегӯяд, айни замон дар шаҳри Роғун филиали омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат, Колеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун, 42 муассисаи таълимӣ, 1 мактаб-интернат, 2 кӯдакистон, 1 хонаи бачаҳо, 1 мактаби бачагонаи мусиқӣ ва Маркази эҷодии кӯдакону наврасон фаъолият менамоянд ва дар онҳо 10075 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 474 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд.
Дар бораи рафти иҷрои буҷети маҳаллии шаҳри Роғун ба ифтихори 30 – юмин солгарди ин ҷашни миллӣ сардори Раёсати молияи шаҳр Идрис Эшонов гуфт, иҷрои бандҳои нақша чорабинии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун аз соли 2018 то охири моҳи марти соли 2021, 95 банд ба маблағи 70537,4 ҳазор сомонӣ корҳои бунёдкорию созандагӣ амалӣ гардидааст, ки аз он 10 893,2 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети маҳалӣ, 18 859,4 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 31 995,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша, 8789, 8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сармояҳои хориҷиро дар бар мегирад. Аз шумораи 95 банд дар семоҳаи якуми соли 2021, 5 банди Нақшаи мазкур иҷро гардидааст. Яъне, дар семоҳаи якум 5 иншооти сохтмонӣ ба маблағи умумии 5504,6 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми маҳал, самаранок истифода бурдани иқтидору захираҳои мавҷудбуда, муҷаҳхаз ва таҷдид намудани онҳо бо технологияи муосир ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ таҳияи Барнома ҳатмӣ арзёбӣ мегардад. Барои таҳияи Барномаи навбатии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун қарори Раиси шаҳри Роғун аз 9 июли соли 2020 №248 “Дар бораи таъсис додани гӯруҳи корӣ ҷиҳати тарҳрези намудани Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025» ба тасвиб расидааст. Ба иттилои масуф, дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маълумотҳои зарурӣ ҷамъоварӣ гардида, дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025 омода гардидааст. Тибқи маълумотҳои пешакӣ Барнома 75 лоиҳаро дар бар гирифта маблағи умумии он зиёда аз 60,0 млн сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳо асосан ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон, соҳибкории хурду миёна, нақлиёт ва роҳ, барқтаъминкунӣ, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, хизматрасонии коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва холатҳои фавқуллода равона гардидааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи тандурустӣ ба азнавсозии заминаҳои ташхисиву табобатӣ, неруманд намудани инфрасохтори муассисаҳо, таъмини дастрасии хизматрасонии ташкилӣ, муолиҷавию пешгирӣ ва ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобатӣ самт гирифт. Дар пайи ин, гирифтор шудани аҳолӣ ба баъзе бемориҳо, аз ҷумла домана, гулӯзиндонак, сулфакабудак, сурхча, гепатитҳои вирусӣ мутаносибан коҳиш ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустиро самти афзалиятнок эълон карда, онро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ба ҳамин далел, тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи бемайлони соҳа, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва фаъолияти табибон, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.
Бо мақсади пешгирӣ ва сари вақт ба табобат фаро гирифтани беморони коронавируси нав COVID-19 аз ҳисоби буҷети шаҳри Роғун ва ҷалби соҳибкорону саховатмандон беморхона ва шуъбаи сироятии шаҳр бо таҳҷизоти зарурӣ таъмин гардида, 2 адад мошини ёрии таъҷилӣ харидорӣ шуд. Дар баробари таҷҳизот ва автомашина, табибон ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ низ бо маводи ғизоӣ ва беморон ва шахсони дар карантин қарордошта бо маводи зарурӣ ва доруворӣ таъмин карда шуданд. Аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи умумии 669 ҳазору 600 сомонӣ ба соҳаи тандурустии шаҳри Роғун кӯмак карда шудааст, ки аз иқдоми неки соҳибкорони ватанӣ дарак медиҳад. Ҳоло саҳми табибон ва ҳамшираҳои тиб дар пешгирӣ ва табобати коронавирус назаррас буда, онҳо шабу рӯз бар зидди ин беморӣ мубориза бурда истодаанд.
Умедҷон Урозов, роҳбари шуъбаи Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию саниатарии шаҳр гуфт, бори аввал ба шаҳри Роғун 783 вояи ваксинаи «AstraZeneca» ворид шуд, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ва кормандони ширкатҳои сохтмонии Вибил ва Ориёно бо ин ваксина фаро гирифта шуданд. Дар марҳилаи дуюм ҳафт ҳазор вояи ваксинаи «Мoderna» ва панҷ ҳазор вояи ваксинаи «CoronaVaс» ба шаҳр ворид шуд, ки бо ин ваксинаҳо сари вақт 3062 нафар кормандони НОБ – и «Роғун» эмгузаронӣ шуданд. Аз сабаби он ки қисми зиёди кормандони неругоҳ дар як моҳ 15 шабонарӯз кор мекунанд, дар рӯзҳои истироҳат дар зодгоҳашон эмгузаронӣ шуда, бо шаҳодатномаи ваксинатсия ба кор ҳозир мешаванд. Ҳоло тамоми кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ваксина фаро гирифта шудаанд. Хушбахтона, бо сабаби сари вақт гирифтани ваксина ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ имрӯз дар беморхонаи шаҳри Роғун бо нишонаҳои бемории коронавирус ягон нафар бистарӣ нест. Маъракаи эмгузаронӣ дар сатҳи зарурӣ доир шуда, нуқтаҳои эмгузаронию нигоҳдории ваксинаҳо зери назорати доимии мутахассисони санитарӣ қарор доранд.
Таърихи ҳар як халқу миллат маҳз аз рушди соҳаи фарҳангу маданияти кишвараш бозгу мебошад. Муассисаҳои фарҳангӣ дар мустаҳкам кардани ҳисси ватандорӣ, тарбияи маънавии мардум, эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ саҳми назаррас доранд. Фарҳанг муаррифгари беҳтарин дастовардҳои илмию маданӣ, иҷтимоию иқтисодии кишвари маҳбуби мо буда, воқеан дар замони соҳибистиқлолӣ рушду нумуъ ёфт. Дар даврони истиқлолият шаҳри Роғун дар соҳаи фарҳанг ва маънавиёт ба пешрафтҳои зиёд ва комёбиҳо ноил гардид. Шаҳр дорои таърих ва тамаддуни беназир аст. Дар ин мавзеъ ёдгориҳои зиёди таърихӣ мавҷуд аст.
Бахши фарҳанги шаҳри Роғун барои ҷалби сокинон ба китобхонаву китобхонӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ корҳои бисёреро анҷом дода истодаанд.Кормандони соҳаи фарҳанги шаҳр хеле ҳам қавӣ буда, бо кулли омма хело ҳам муносибати хуб доранд. Дар шаҳри Роғун муассисаҳои фарҳангӣ мавҷуд буда, ба аҳолии шаҳр хизмати фарҳангӣ фароҳам меоваранд. Чӣ хеле, ки қайд кардем, шаҳр дорои тамаддуни бостонӣ ва куҳан мебошад. Айни замон, дар шаҳр як қатор муассисаҳои фарҳангӣ мавҷуданд. Барои баланд бардоштани фарҳанг, пайваста доир намудани чорабиниву намоишҳои фарҳангӣ дар ҳифзи асолату ғановатӣ миллӣ, ҳифзи ҷанбаҳои муҳими анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллатамон нақши босазо мегузорад. Кормандони муассисаҳои фарҳанги шаҳр ҳамроҳ бо мудири бахши фарҳанг, дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳотҳо вохӯриҳо, суҳбату машваратҳо, семинарҳои омӯзишӣ пайваста ба аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
“Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаруза корҳои тозагию ободонӣ, созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳр бо дастгирии кормандони муассисаҳои фарҳангӣ як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуда истодааст”, – мегӯяд Мустафо Гулиён, мудири шуъбаи фарҳанги шаҳр.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди сиёсати иҷтимоии давлат корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст. Бо ғамхории Ассосгузори Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шахсони яккаву танҳо, пиронсолон ва маъюбон хона-интернатҳо фаъолият мекунанд то ин ки давлат барои онҳо шароити зиндагии арзандаро фароҳам орад. Ҷиҳати таъмини саривақтии нафақа дар шаҳр аз ҷониби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Роғун тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, шикояти нафақагирон сари вақт қонеъ карда мешавад. Пардохти маблағи нафақа пурра ғайринақдӣ буда, нафақагирон онро тавассути корт дастрас мекунанд”, – мегӯяд Дилшод Асо, сардори шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ш. Роғун.
Дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри фароҳам овардани беҳтарин шароиту имконият ба ҷавонон дар самти кору таҳсил доиман дастуру супоришҳои қатъӣ дода, аз ташаббусу ибтикороти онҳо ҳамеша истиқбол менамоянд. Хусусан, дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои ҷавонон Пешвои муаззами миллат изҳор доштанд, ки: “Мо иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакатро дар сохтмони неругоҳу корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла дар неругоҳи барқи обии “Роғун” ва корҳои бунёдкориву созандагӣ баръало мушоҳида менамоем. Сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст. Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан – Модар шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд”.
Олимшоҳ Ҷалилзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, мегӯяд, ҷавонон ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дошта, сол то сол пеш аз ҳама таваҷҷуҳи асосӣ ба он равона карда мешавад, то ҷавонон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат пешрафт намоянду ба дастовардҳои бузург ноил гарданд. Дар самти ҷавонон қонуну консепсия ва барномаҳои гуногун қабул гардидааст, ки яке аз онҳо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” мебошад. Инчунин, баҳри дастгирии ҷавонони лаёқатманд квота ва стипендияи Президентӣ, Ҷоизаи Президенти кишвар дар соҳаи варзиш баҳри варзишгарон дар баробари садҳо иқдомҳои дигар барои ҳавасмандгардонии ҷавонону варзишгарон таъсис дода шудаанд.
Дар шаҳри Роғун ба рушди ҳунарҳои миллӣ аҳамияти махсус зоҳир карда мешавад. Ҳунармандон дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии шаҳриву ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд. Ҳунарманд Марҳабо (адрасбофӣ) аз деҳаи Қандак, Давлатмурод (сабадбофӣ) аз деҳаи Бўстон, Абдулмаҷид (табақтарошӣ) аз деҳаи Луғур, Сайқадам (оҳангарӣ) аз деҳаи Ҷавонӣ, Усто Хол (оҳангарӣ) аз деҳаи Абдулбобиён, Бобоҷон (дутортарошӣ, найсозӣ) аз деҳаи Қади Об, Нозия (ҳунарҳои гуногунии миллии занона) аз кўчаи Истиқлол ва ғайраҳоро метавон номбар намуд, ки бо маҳсули дастони худ аллакай шинохта гаштаанд.
Муқаддас Рамазонова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Роғун мегӯяд, чун 25 километр қисмати шоҳроҳи Душанбе-Лахшро мавзеъҳои аҳолинишини шаҳри Роғун ташкил медиҳад. Аз ин рў, дар ин масофа аз тарафи аҳолӣ ташкили нуқтаҳои фурўши ҳунарҳои миллӣ, хўрокҳои миллӣ ва дигар корҳои аз тамаддуну фарҳанги халқи тоҷик даракдиҳанда имконият дорад. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” як қатор навгониҳои хубу нишонрасро дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ тақвият бахшида, ба омузиш ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ замина гузошт. Ҳадафи асосии ин эълон муаррифии шоистаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад. Сайёҳӣ омили муҳими муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ мебошад.
Баҳри пешрафти соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Роғун нақши мақомоти маҳаллӣ назаррас мебошад. Шаҳри Роғун барои рушди соҳаи сайёҳӣ бо назардошти мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, рўду чашмаҳои шифобахш ва манзараҳои зебо, махсусан дар фасли тобистон ҷиҳати ташкили мавзеҳои истироҳатӣ ва табобатӣ, инчунин ташкили намуди лижаронӣ дар фасли зимистон имкониятҳои мусоид дорад. Сайёҳон ва ё меҳмононе, ки ба шаҳри Роғун ташриф меоранд, махсусан барои тамошои иншооти азими аср – Нерўгоҳи барқи обии “Роғун” ва гирифтани табобат ба шаҳраки Оби Гарм ва мавзеи Муллошайх меоянд, ки дорои обҳои гарми табиии шифоӣ мебошанд. Обҳои мазкур барои бемориҳои ревматизм, пўст, гирифтагии куҳна ва дигар намуди бемориҳо хосияти шифоӣ доранд.
Аз рӯи инфросохтори соҳа, дар шаҳр 1 адад меҳмонхона, 6 адад осоишгоҳ, бо табобат аз чашмаҳои хусусияти шифоидошта, 1 адад қурутобхонаи бо тарҳ ва таҷҳизоти миллӣ, 4 адад тарабхонаи ба талаботҳои замони муосир ҷавобгў фаъолият менамоянд. Вобаста ба имкониятҳои сайёҳӣ қайд кардан бамаврид аст, ки дар шаҳр 1 адад осорхона, боғи фарҳангии замонавӣ ва дар даромадгоҳи шаҳр аз гардиши шоҳроҳ мавзеи фароғативу истироҳатӣ бо номи «Нақб» арзи вуҷуд дорад, ки бо тарҳи хело ҷолиб, дорои шаршара, ҳавз, мавзеҳои сабзазор ва ҷойҳои намоишӣ, аз ҷумла нақб, ки рамзи шаҳри Роғунро ҳамчун шаҳри нурофар ифода менамояд, диққати бинандаро ҷалб мекунанд. Ҳамчунин, мавзеъҳои фарҳангиву таърихиву фарҳангӣ, ба монанди зиёратгоҳи Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ, ки дар баландии тахминан 1750 метр аз сатҳи баҳр дар дохили ҷангалзор ва мавзеи хело тамошобоб ҷойгир аст, мақбараи Эшони Қиёмиддин, Мақбараи Эшони Абдураҳмонҷон, мазори Хоҷаи Дарвеш, Хоҷаи Қалавур, Ҳазрати Фарҳод, Ҳазрати Шоҳ, Хоҷаи Бўстон, Хоҷаи Ҳофиз, Хоҷаи Гулрез, мазори Сарчашма, Хазинаи Акаҷонбой, Куҳи Яхдон, Мавзеи Гули сурх, Луғур, Марғзор, Дараи Хоҷхарф ва ғайраҳо мавҷуданд.
Осорхонаи миллии шаҳри Роғун ва Неругоҳи барқи обии “Роғун” метавонанд аз таъриху тамаддун ва муъҷизаофарии ин миллату ин маҳал маълумотномаи зинда муаррифӣ намоянд. Осорхонаи шаҳр баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолии шаҳр хизмати фарҳангӣ расонида, ҳамарўза дарҳояш барои қабули оммаи васеи тамошобинон боз аст. Осорхона дар ҳамаи чорабиниҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, нигораҳои таърихиро ба маърази тамошо мегузорад. Бақайдгирии ашё ва коллексияҳои осорхонавии Фонди осорхонаи шаҳри Роғун тибқи ҳуҷҷатҳои асосии баҳисобгирии китоби воридот ва санадҳои дигари қабули ашё ва коллексяҳои осорхонавӣ 985 ашё ва коллексияҳоро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 27 номгў дар давоми се моҳи аввали соли равон ворид гардидааст. Аз оғози соли ҷорӣ то ин ҷониб аз Осорхонаи шаҳри Роғун зиёда аз 280 нафар тамошобин дидан намудаанд.
Воқеан, шаҳри Роғун диёри мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, куҳҳои осмонбўс, обҳои шифобахш, чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат аст. Бахусус тарҳи меъмории биноҳои шаҳр беназир буда, аз биноҳои замонавии шаҳрҳои пешрафтатарин ҳам камӣ надоранд. Чун раиси шаҳр Музаффар Сулаймонмонзода худ ба шаҳрсозӣ таваҷҷуҳи беандоза дорад, ҳамин аст, ки симои маркази шаҳр беш аз пеш ҷолибтару диданитар мегардад. Ин имконият медиҳад, ки сайёҳону меҳмонони ба шаҳр ташрифоварда бо табъи болидаву як ҷаҳон хушнудӣ, бо умеди дидори дигар рахти сафар бубанданд. Зеро мо ҳам ҳам бо дили нохоҳам ва нияти бозгашту тамошои дубора Роғунро тарк кардему роҳ пеш гирифтем ҷониби ноҳияи Нуробод, ки дар матлаби баъдӣ роҷеъ ба дастовардҳои ин ноҳия суҳбат хоҳем гуфт.
Мирсаид САТТОРИЁН,
Душанбе – Роғун – Нуробод – Рашт – Тоҷикобод – Лахш – Душанбе