Аз шаҳри Турсунзода то Ваҳдату ноҳияи Рӯдакӣ ва вилояти Суғд. Харобиҳои борони сели шаби гузашта дар минтақаҳои кишвар

Шаби 5 ба 6 май дар натиҷаи боронҳои пуршиддат сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қаратоғ, Ширкент, каналҳои Хоҷанақширон, Заркамар ва Муллошодӣ боло рафта, боиси омадани сел шуд. Сел дар деҳаи Ҳамадонии Ҷамоати деҳоти ба номи Т.Туйчиеви шаҳри Турсунзода 75 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро хароб кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.

Ҳамчунин боронҳои пуршиддат сабаби резиши сел аз теппаҳои атрофи деҳаи Файзбахши Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлоли шаҳри Турсунзода шудааст. Ин ҳодиса ба зери об мондани 237 хонавода таҳдид мекунад. Барои бартараф кардани пайомадҳои офати табиӣ қувваю воситаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Турсунзода ҷалб шудаанд. Барои тоза кардани таҳхонаҳо ва қитъаҳои замин аз селобаву лойқа корҳо ҷараён доранд. Ҳамзамон Комиссия мизони зарари расидаро ҳисоб мекунад.

Барои пешгирӣ аз пайомадҳои сел ба ҷойи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ бо сарварии муовини раиси Кумитаи ҳоллатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Имомалӣ Иброҳимзода ва Комиссияи шаҳрии ҳолатҳои фавқулода сафарбар гардид ва аҳолӣ муваққатан ба ҷойи бехавф интиқол дода шуд. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт.

Ғайр аз ин 6 майи соли 2022, тахминан соати 01:45-и вақти маҳаллӣ сели азим 25 қитъаи наздиҳавлигиро дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Чоряккорон, 4 қитъаи наздиҳавлигиро дар деҳаҳои Эсанбой ва Хоҷабулбулони ноҳияи Рӯдакӣ зери обу лой кард. Девори як хонаи истиқоматӣ вайрон ва 450 метр роҳи байни деҳаҳо хароб гардид.

Дар айни замон пайомадҳои офат бартараф карда мешаванд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, дар қаламрави шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд 5 май, соати 16:30 сел дар деҳаи Нуристони Ҷамоати деҳоти Чинор сабаби ҳалокати 15 сар чорвои калони сокинони русто шудааст.

Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд боронҳои пуршиддат ва сели азим ба пуле, ки аз тариқи Ҷамоати деҳоти Ғазантарак мегузарад, зарар расондаанд. Инчунин 9,7 километр қубури обгузари Даҳансой низ зери хатар мондааст. Барои бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ қувва ва воситаҳои Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Деваштич ҷалб шудаанд.

5 майи соли 2022, қариб соати 17:10 дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қаламрави маҳаллаҳои Темурмалик ва Навбунёди Ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд сел ба қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон қисман зарар расонд. Ин зарар аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ҳисоб мешавад.

6 майи соли 2022, соати 00:00 дар Ҷамоати деҳоти Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат бар асари бориши бефосила сатҳи оби дарёҳо аз меъёр зиёд шуда, хатари зери об мондани роҳи мошингарди Ваҳдат – Чӯянгарон – Ромит ба миён омад. Дар натиҷаи ин ҳудуди 1 километр роҳи мошингард аз лойобаву сангу рег пур шуд.

То соати 03:50-и вақти маҳаллӣ бо ёрии кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ваҳдат, хадамоти роҳ ва ШКД пайомадҳои ин ҳодиса бартараф шуда, ҳаракати мошинҳо қисман аз сар гирифта шуд.

Хадамоти зиддижолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо партоби 128 мушаки “Аллазан” хатари резиши жоларо дар қаламрави шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бартараф намуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар манбаъҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор нараванд.

Ғайр аз ин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу партовҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон равона накунад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳолати рух додани ҳолати фавқулода шаҳрвандон метавонанд бетаъхиру фаврӣ бо рақами 112 ва ё ба Қисми навбатдорӣ ба рақамҳои 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE