Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин омадааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Бо камоли майл, ба Шумо ва дар шахси Шумо ба тамоми мардуми кишваратон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон табрикоти самимитарини худро арз менамоям.

Тули солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаатон кишвари Шумо, ки аз роҳи рушди устувор дар ҳаракат буд, дар кори таҳкими давлатдорӣ ва пешрафти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳамзамон дар арсаи байналмилалӣ обруву эътибор касб намуд. Дастовардҳои кишвари дӯсти Шумо боиси хушҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад.

Мо ба рушди муносибатҳо миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон, ки ба анъанаҳои нек ва пурғановат асос ёфтаанд, аҳамияти хос зоҳир менамоем. Муколамаи сиёсии сатҳи олӣ миёни ду кишвар, сафарҳои мутақобила, ҳамкориҳои босамар дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, ки мунтазам дар ҳоли густариш қарор доранд, омилҳои асосии муносибатҳои гуногунсамти мо мебошанд.

Бовар дорам, ки мо дар оянда низ ба талошҳои муштараки худ, ки барои таҳкими робитаҳои анъанавии дӯстона ва густариши минбаъдаи соҳаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар нигаронида шудаанд, муваффақона идома хоҳем дод.

Дар ин рӯзи муҳим, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, бори дигар ба Шумо табрик арз намуда, бароятон сиҳатмандии комил, хушбахтӣ, комёбиҳо дар кор ва барои мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу осоиш таманно мекунам”.

Дар табрикномаи Императори Ҷопон Нарухито чунин омадааст:

“Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандии зиёд ба Ҷаноби Олӣ табрикоти қалбӣ, таманниёти самимии неки саодатмандӣ ва шукуфоии мардуми кишваратонро ирсол менамоям”.

Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

“Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Шуморо ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон аз самими қалб табрик менамоям.

Ба Тоҷикистон самимона рушду пешрафт, инчунин дар доираи дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, ки ба некуаҳволии шаҳрвандон ва таҳкими нақши кишвари Шумо дар арсаи байналмилалӣ равона шудааст,  пешравии муттасил таманно менамоям.

Бовар дорам, ки ҳамкории байни Арманистону Тоҷикистон, ки бар асоси дӯстии мардумони кишварҳоямон устувор шудаанд, бо саъю талоши муштарак метавонанд такони тоза ёфта, дар соҳаҳои асосии ҳамкориҳои байнидавлатӣ боз ҳам васеътар зоҳир гарданд.

Ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Президент, саломатӣ, саодат ва муваффақият, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам”.

Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел, дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

“Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Мехостам сипоси худро ба шумо барои сӯҳбати ба наздикӣ тариқи телефон анҷом додаамон изҳор намуда, аз номи Иттиҳоди Аврупо Шумо ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолияти кишваратон самимона табрик гӯям.

Дар тӯли 30 сол Тоҷикистон дар давлатсозиву миллатсозӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида, барои сулҳ, субот ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ заҳмати зиёд ба харҷ додааст.

Иттиҳоди Аврупо ҳамчун шарики деринаи Тоҷикистон минбаъд ҳам ҷонибдории худро аз ин талошҳо тавассути муколамаи сиёсӣ дар асоси ҳамкории дуҷониба, инчунин дар раванди ҳамкории минтақавӣ оид ба рушд ҳифз менамояд. Мо умед дорем, ки кишвари шуморо дар роҳи навсозӣ ва ислоҳот бо истифода аз имконоти пурраи гузариш ба энергияи сабз, рақамисозӣ ва таҳкими робитаҳои минтақавӣ дастгирӣ менамоем. Тоҷикистон ҳам аз манобеъи табиӣ ва ҳам аз сармояи инсонӣ бой аст ва Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки таҳсил ва малакаҳои насли ҷавонро дастгирӣ кунад.

Мо дархости кишвари шуморо дар бораи баланд бардоштани сатҳи муносибатҳои кунунӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва оғози музокирот дар бораи Созишномаи шарикӣ ва ҳамкориӣ истиқбол менамоем.

Дар навбати худ, мо раванди омодагии дохилии худро идома дода истодаем ва ба Шумо итминон доданием, ки мо саъй дорем, то раванди гуфтушунидро ҳарчи зудтар оғоз намоем.

Сарфи назар аз душвориҳое, ки пешорӯи минтақаи шумост, ба кишвари шумо – ҷиҳати таъмини шукуфоӣ ва субот ба мардуми Тоҷикистон бошад, хушбахтӣ ва комёбиҳои беназир таманно дорам.

Ниҳоят, бори дигар рағбати инҷонибро ҷиҳати пазироии шумо дар Брюссел арз медорам.

Лутфан Ҷаноби Президент итминони эҳтироми амиқи моро қабул фармоед”.

Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар барқияаш гуфтааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуруду салом ва самимонатарин таҳният ва табрикоти хешро ба Шумо ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз менамоям.

Сарфарозам ба ин муносибати ҷашни фараҳбахш ба Шумо, Ҷаноби Олӣ беҳтарин дуруду таманниёт, хушнудӣ, комёбиву сиҳатии бардавом ва ба мардуми Тоҷикистони дӯст пешрафту шукӯфоӣ орзу намоям.

Лутфан, эҳтироми фоиқаи моро бипазиред”.

Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

“Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

30-солагии эъломи истиқлолият барои ба Шумо, ҷаноби Президент, инчунин ба ҳамватанони Шумо  ирсол намудани таманниёти самимии шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фурсати гуворост.

Муносибатҳои дӯстонаамон, ки дар тули замони зиёд барқарор шудаанд, моро  ҷиҳати минбаъд ҳам таҳким бахшидани равобити байни Душанбеву Рим,  чи дар сатҳи дуҷониба ва чи дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо некбин месозанд.

Вобаста ба афзоиш ёфтани шиддати вазъ дар матни минтақа, кишварҳои мо уҳдадоранд, ки бо шарикони дигари ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати андешидани тамоми чораҳо, ки ба бартараф намудани хатари бесуботӣ ва тезутунд намудани авзои фавқулоддаи гуманитарӣ равона шудаанд, ҳамкорӣ намоянд.

Бо чунин таманниёт барои Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон беҳтарин табрикоти Ҷумҳурии Италияро ирсол менамоям”.

Генерал-губернатори Канада Мэри Мэй Саймон дар барқияаш гуфтааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Аз номи тамоми канадагиҳо Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлолияти кишваратон табрик менамоям.

Канада ба шарикии стратегӣ бо Тоҷикистон баҳои баланд медиҳад.

Мо чун пештара ҷонибдори таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷонибаамон, хусусан вобаста ба чунин масъалаҳои умда чун сулҳи минтақавӣ ва амният, идораи минтақавии захираҳои об ва дигаргуншавии иқлим мебошем.

Канада инчунин муҳиммияти саъю талоши муштаракро ҷиҳати коҳиш додани ҳамагирии КОВИД-19 эътироф менамояд ва чун дар гузашта  ҷонибдори дастгирӣ намудани КОВАКС барои таъмини дастрасӣ ба вояҳои КОВИД-19 дар тамоми ҷаҳон мебошад. Канада бо камоли қаноатмандӣ  ба Тоҷикистон барои мубориза бо паҳншавии вирус ва таҳкими низоми тандурустии кишвар ба шарофати ҳамкориамон бо Бунёди Оғохон мусоидат мекунад.

Ба Шумо ва шаҳрвандони Шумо сулҳу субот ва некуаҳволӣ орзу намуда, бесаброна имкониятҳои таҳкими минбаъдаи робитаҳои миёни ҳарду кишварамонро мунтазирем”.

Президенти Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян дар барқияи шодбошии худ чунин зикр намудааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Табрикоти самимии маро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Арманистон ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи  муҳим зоҳир менамояд. Кишварҳои мо ҳамкории самаранок ва мутақобилан судмандро чи дар асоси дуҷониба ва чи дар чорчӯби як қатор созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ рушд дода истодаанд.

Бовар дорам, ки талошҳои муштараки мо минбаъд ҳам ба таъмиқи равобити байни Арманистону Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ба нафъи мардумонамон мусоидат хоҳанд кард.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом ва некуаҳволӣ, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон бошад, сулҳу шукуфоӣ хоҳонам”.

Номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат ҳамчунин аз номи Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башор Асад, Президенти Ҷумҳурии Гана Нана Аддо Данква Акуфо-Аддо ва Президенти Ҷумҳурии Никарагуа Даниел Ортега Сааведра ворид гардиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати ҷашни фархундаи 30-юмин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE