Сарвари давлат бинои филиали рақами 75-и БДА “Амонатбонк”-ро дар ноҳияи Балҷувон ба истифода доданд

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон бинои филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” рақами 75-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои филиали “Амонатбонк” дар ноҳияи Балҷувон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст. Иншоот аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаи аввал қисмати амалиётӣ, хазина, ҷойҳои ёрирасону толори бойгонӣ ва дар таҳхона ҳуҷраи техникӣ ҷойгир мебошанд. Ошёнаи дуюми иншооти тозабунёд аз ҳуҷраи кории мудири шуъба, кормандон ва китобхона иборат аст. Дар маҷмӯъ дар бинои филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Балҷувон 6 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо мизу курсии нав, компютер ва дигар технологияи муосир таъмин буда, барои кору хизматрасонӣ мувофиқ аст.

Фармоишгари иншоот Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Умед” мебошад. Бинои тозабунёд дар муддати кӯтоҳ бо тарҳи меъмории муосир дар масоҳати 419 метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур баҳои баланд дода, масъулон ва дигар кормандони филиали бонкро ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон вазифадор карданд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави  филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” 17 нафар сокинони ноҳияи Балҷувон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар бинои филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Балҷувон амалиёти гуногуни бонкӣ, аз қабили кушодани суратҳисоби бонкӣ, интиқол ва гирифтани  маблағ, пардохти хизматрасониҳо ва гирифтани қарзҳо ба роҳ монда шудааст.Акнун сокинон имкон доранд, ки маблағҳои андоз ва коммуналиро дар бинои нави бонк пардохт намоянд.

Ёдрас мешавем, ки дар ноҳияи Балҷувон аз хизматрасониҳои «Амонатбонк» зиёда аз 2 ҳазору 230 нафар нафақагир ва кормандони 78 корхонаву ташкилоти буҷетӣ дар самти дастрасии маблағи нафақа ва музди меҳнат истифода мебаранд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE