Боку: Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов сазовори медали нуқра шуд

Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар Мусобиқаи Baku Grand Slam-2021 сазовори медали нуқра шуд. Ў дар вазни +100кг рақобатро аз чорякфинал оғоз карда, бар Тиаго Палмини аз Бразилия ва дар нимфинал бар Свен Ҳинле аз Олмон ғалаба карда, дар финал аз Татсуру Саитои ҷопонӣ мағлуб шуда, ҷои дуюмро сазовор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқаи мазкур  дар ин вазн медалҳои биринҷиро Ушангӣ Кокаурӣ аз Озарбойҷон ва Тсетсентсенгел Одхуу аз Муғулистон гирифтанд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ 5-7 ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор шуд. Дар мусобиқа 195 варзишгар (128 мард, 67 зан) аз 29 давлат иштирок карданд. Аз ҷумҳурии мо шаш варзишгар ба ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ сафарбар гардиданд: Темур Раҳимов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73кг), Хушвақт Идиев, Ҳақназар Назаров (-81кг), Амирҷони Насимҷон  ва  Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг).

Муҳаммадраҳим Сарахонов ҷои ҳафтумро ишғол кард. Ӯ дар вазни -73кг дар рақобати аввалаш дар даври дуюм бар Виктор Степру аз Молдова пирӯз шуда, дар чорякфинал аз намояндаи Олмон Лукас Веннеколд ва дар рақобати тасаллобахш аз варзишгари Русия Аюб Хажалиев шикаст хӯрд.

Дигар варзишгаронамон дар рақоабти аввалинашон аз ҳарифон мағлуб шуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE