Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардид

Дирӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо иштироки 313 нафар довталаб оғоз гардид, ки то 12 ноябр идома меёбад, иттилоъ доданд аз Вазорати фарҳанги мамлакат.

Ба ҳайати ҳакамон устодони варзида аз рӯйи се жанр иштирок мекунанд. Ҷараёни баргузории озмуни мазкур тариқи шабакаҳои телевизиони тоҷик намоиш дода мешавад.

Озмуни мазкур соли сеюм аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Соли равон дар даври аввал 2991 нафар ва даври дуввум 1317 нафар иштирок намуданд. Соли 2020 дар даври ниҳоии озмун 187 нафар иштирок доштанд.

Бояд гуфт, ки дар озмуни ду соли қабл доиргардида танҳо як Шоҳҷоиза муқаррар гардида буд. Имсол аз рӯйи се номина се Шоҳҷоиза ба миқдори 50 ҳазор сомонӣ муайян гардидааст, ки ба беҳтарин иштирокчиён дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки маросими ҷоизасупории озмун 16 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE