Душанбе: Ба сокинони ноҳияи Сино китоби «Тоҷикон» тақдим мегардад

Ба ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зиёда аз 95 ҳазор нусха асари бунёдии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» дастрас карда шуд. Дар ноҳия аз ҳисоби раисони маҳаллаҳо ва кормандони маорифи ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил гардида, аъзои гурӯҳи мазкур ин туҳфаро ба ҳар оилаи ноҳия мерасонанд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Имрӯзҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат тақдим гардида истодааст.

Дар маросими тақдими туҳфаҳои арзишманди Пешвои миллат муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки  мақсади асосии чунин иқдом — шиносоӣ бо гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат мебошад.

  

Китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида,  ба ҳар оилаи мамлакат тақдим мегардад

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE