Муовини Раиси шаҳри Душанбе бо роҳбари Намояндагии корпоратсияи чинӣ оид ба сохтмони роҳ ва пулҳо дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо роҳбари Намояндагии корпоратсияи чинӣ оид ба сохтмони роҳ ва пулҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Чанвэй мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот зарфиятҳо барои роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Намояндагии корпоратсияи чинӣ оид ба сохтмони роҳ ва пулҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE