Мубин Эргашев муваққатан сармураббии мунтахаби футболи кишвар шуд

Мубин Эргашев муваққатан сармураббии дастаи  мунтахаби футболи Тоҷикистон интихоб шуд.   Ин сармураббии таҷрибадор дастаи  мунтахаби футболи Тоҷикистонро дар бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби  Қазоқистон, ки 16 ноябр баргузор мегардад,   роҳбарӣ хоҳад кард, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.    

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи  Тоҷикистон    таҳти роҳбарии Мубин Эргашев   соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 шуд, ки дар Ҷумҳурии  Узбекистон баргузор мешавад.

Дар ин бозии дӯстона ба Мубин Эргашев   собиқ бозигарони дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон — Раҳматулло Фузайлов, Юсуф Рабиев ва Аслиддин Ҳабибуллоев кумак мекунанд. Фаррух Марофиев дар ситоди Мубин Эргашев нақши мураббӣ-таҳлилгарро иҷро мекунад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE