Барфи аввал дар Душанбе
Чанд маълумоти ҷолиб роҷеъ ба барф
Тавре ки ҳамаи мо мебинем, ранги барф аслан сафед нест. Он аз кристалхои ях дуруст шудааст ва анбуҳи онҳо сафед ба назар мерасад, дуруст монанди резаи шишаҳое, ки анбуҳи онҳо сафед ба назар меояд.
Нур боз ҳам монанди шиша, аз бахше аз сутухи яхи донаи барф мунъакис мешавад ва ранги хосеро бозтоб медишад. Ҳангоме, ки миқдори зиёде барф анбошта шуда бошад ва аз рӯйи ҳар донаи барф бахше аз нур мунъакис шавад, ин нур ба нуқоти атроф бозтоб ёфта, дубора бармегардад. Аз он ҷо ки ҳамаи рангҳо тақрибан ба мизони мусовӣ парокандаанд, анбӯҳи барф сафедранг ба назар мерасад.
Назариёти Арасту
Ба назари Арасту барф ва шабнами яхзада дорои иллате мушобеханд. Танхо тафовут миёни онхо дар дарача ва микдори модда аст, зеро барф бар асари ях задани абр (бухори бисёр) ва шабнами яхзада бар асари ях задани бухор (андак гирдомада дар як руз), яъне шабнам тавлид мешавад. Аз ин ру, барф нишонаи сарзамин ё фасли сард аст. Хамин робита миёни борон ва шабнам баркарор аст, зеро абрхо то замоне, ки гармои хезонандаи бухорот аз онхо берун нарафта бошад ва пеш аз галабаи сармо бар онхо ях намезананд.
Арасту хамчунин овардааст, ки умуман боришхои шадиди тагарг (жола) дар навохии муътадил ва боришхои шадиди барф дар навохии сардтар рух медихад. Яке аз шогирдони Арасту мепиндошт, ки агар абр пеш аз он ки бар асари сармо ба об табдил шавад, ё пеш аз гирд омадани катароти об ва пайвастани онхо ба якдигар ва дар холе ки хаво миёни катароти бисёр рези об фосила андохта, ях бизанад, он гох барф ташкил хохад шуд, зеро даруни барф хавои бисёре ба дом афтодааст. Чун барф бисёр нарм аст ва агар бо даст фишурда шавад, хачмаш кам мешавад ва агар онро ба об табдил кунем, аз микдори бисёри барф, танхо микдори андаки об хосил мешавад. Иллати сафедии барф низ бисёрии хаво дар он аст, зеро хамаи ачсоме, ки хавои бисёр дар онхо ба дом афтодааст, сафеданд, монанди каф ва махлути хамзадаи равган ва об. Иллати сафедии шабнами яхзада низ хамин аст, зеро хамон чизе, ки дар бахши болоии сипехр мучиби падид омадани барф мешавад, дар поин мучиби падид омадани шабнами яхзада мегардад.
Инчунин донишманди дигаре низ дар бораи барф чунин гуфтааст, ки иллати падид омадани барф хамон иллати пайдоиши борон аст. Фарк миёни барф ва борон он аст, ки борон бар асари истихолаи бухор ба об ба сабаби сармои андак падид меояд; дар холе, ки барф бар асари ях бастани бухор пеш аз табдил шудан ба об, падид меояд, ки ноши аз сармои бисёр аст. Ва агар бухор чомид шавад, сангин мешавад ва чун сангин шуд, ба суи поин меравад. Накши шиддати сармо дар падид омадани яке аз ин ду падида аз он чо маълум мешавад, ки борон дар чойхои сард, ки сармои он шадид нест, меборад. Дар ин мавозеъ барф ё бисёр андак меборад, ё аслан намеборад. Аммо барф мухтаси мавозеи бисёр сард аст. Вай хамчунин бар он буд, ки голибан барф дар чойхои бисёр сард, вале тагарг дар манотике, ки хавои голибан соф дорад, меборад.
Ибни Сино овардааст, ки агар катароти хурди об пеш аз фишурда шудан ва табдил ба катароти дурушти об, ях бизанад, донахое эчод мекунад, ки хамон барф аст. Вай хамчунин бар он буд, ки сармои шадиди зимистон ичоза намедихад, ки абри боронзо ба об ва сипас тагарг табдил гардад, балки мустакиман ба барф табдил хохад шуд. У низ ба пайрави аз Арасту бар он буд, ки нисбати борон ба барф монанди нисбати шабнам ба шабнами яхзада аст ва бод дар эчоди барф ва шабнами яхзада муассир аст.
Шигифтихои барф
Хамаи мо медонем, ки барф дар хакикат чизе чуз оби яхзада нест. Аммо, пас чаро аз назари зохири бо ях тафовутхои бисёре дорад?! Дар хакикат дар хар донаи барф, теъдоди зиёде булур ё кристали ях вучуд дорад ва инъикоси нур аз тамоми равияхои ин булурхо боис мегардад, ки донаи барфи сафедранг дида шавад. Булурхои рези барф равшан ва шаффофанд. Зеро дар хаво чараёнхои гуногун ба харакат дармеоянд. Хангоме ки ин шароит падид меояд, булурхои барф дар атрофи хастаи чамъ мешаванд. Хангоме ки ин гурухи муташаккил аз булурхои барф, ба андозаи кофи бузург шуданд, шиновар гардида ва ба самти поин харакат мекунанд. Бархе аз ин булурхо мусаттах (пахн), бархе дигар сузани ва ё гирд хастанд, аммо сарфи назар аз шакли онхо булурхои барф хамвора шашпахлу, ё зовиядоранд. Чолиб он ки шохахои хар донаи барф ба танхои шабехи хам хастанд, аммо дар хар холат, тарзи карор гирифтани шохахо мутафовит аст.
Бинобар ин хатто ду донаи барфро наметавонед пайдо кунед, ки мушобехи хамдигар бошанд. Нуктаи чолиби дигар он ки барф факат ба ранги сафед намеборад! Дар хеле аз нукоти чахон барфи кирмиз, сабз ва хатто оби ва сиёхранг низ мушохида шудааст. Иллати ин холат ва рангхои мутафовит, вучуди гарду губор, олояндахои табии ё санъати дар хавост, ки хангоми резиши барф чамъ шуда ва махлут бо он фуру мерезанд. Чун барф мухтавии микдори зиёдии хавост, ходии заифе барои гармо ба шумор меравад ва ин аз чумлаи шигифтихои беназири барф ба шумор меравад. Дар хакикат ба хамин иллат аст, ки пушише аз барф метавонад, сабзихои дар холи хоби мазореъро мухофизат кунад ё аз дарахтон дар мукобили сармои беш аз хад нигахдори кунад, дар хакикат барф бузургтарин пуштвона бар зиндагии башар, дар заминаи обёри ва кишоварзи аст.
Аммо ин хакикатро низ набояд аз назар дур дошт, ки дар рузхои барфи чашмони мо, мумкин аст ба шиддат осеб бубинад ва ё бориши барф метавонад боиси баста шудани роххо, эчоди селобхо ва бисёре масоили дигар бошад. Хамасола теъдоди зиёде аз чондорон ва хатто инсонхо, ба хотири сармои шадид ва бориши барф чони худро аз даст медиханд. Автомобилхо дучори тасодуф мешаванд ва хонахое низ вайрон мегарданд. Албатта, тамоми ин мушкилот, маъмулан ба далели адами истифодаи сахехи инсонхо, аз хуши хирад аст. Зеро ба назар мерасад, ки чархаи табиат равиши худро барои чархаи об дар миёни осмону замин ба сурати мутаодил дорад. Пас ин инсонхо хастанд, ки бояд бо пешгирихои лозим ва мухофизат аз манобеи табии, хама чизро дар холати мутаодил нигох доранд.
Манобеъ:
Зимистон мерасад, зеби замин барф,
Ба ҳар як заррааш сеҳрофарин барф.
Чӣ нотакрору зебо об гардад
Нишаста бар ҷамоли нозанин барф.
Бисӯзад ҷисму ҷон аз сардии ӯ,
Ба сад сардист, охир, оташин барф.
Ба домони шабу рӯзи зимистон,
Ҷилоноку сапеду нуқрагин барф.
Барад аз дил сиёҳӣ, чун сафед аст,
Ҷило бар чашмҳои одамин барф.
На танҳо боиси ризқи ману туст,
Фараҳбахшандаи қалби ҳазин барф.
Чӣ хуш аз осмон бар сар бирезад,
Чу садбарги сафеду ёсамин барф.
(Шеър аз Куҳзоди ФАТҲУЛЛО)
Таҳияи Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”