Вазири молия бо Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Масъалаҳои ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, ҳифзи муҳити зист, амнияти озуқаворӣ ва дигар масоил 16 ноябр дар мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Сафири навтаъйини Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон баррасӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳои афзалиятнок баён доштанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE