Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид

Шоми дирӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» барои дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, эҷоди мусиқии нав, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва суруд, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ равона шудааст. Тайи се сол аст, ки ин озмун бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Озмун аз ноҳия оғоз гардида, то ба сатҳи вилояту ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Имрӯз беҳтарин истеъдодҳо  муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд».

Аъзои ҳакамон баъд аз се даври озмун соҳибистеъдодҳоро аз рӯйи се номина- композиторӣ (оҳангсозӣ), сарояндагӣ, навозандагӣ (дар ҳар номина се жанри вобаста ба синну сол) муайян намуда, ба ғолибони ҷойи якум- як нафар (35 ҳазор сомонӣ), ҷойи дуввум- ду нафар (25 ҳазор сомонӣ) ва ҷойи сеюм- ду нафар (15 ҳазор сомонӣ) туҳфаҳои пулӣ ва диплом супориданд. Инчунин дар ин рӯз ба устодоне, ки шогирдони онҳо дар озмун ҷойҳои якум, дуввум ва сеюмро соҳиб шудаанд, 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва Ифтихорнома тақдим намуданд. Дигар иштирокчиёни фаъоли озмун бо диплом ва маблағи 3500 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар асоси натиҷагирии ҳайати доварон се нафар иштирокчии фаъол Гулноза Ғаффорӣ аз шаҳри Хуҷанд дар номинаи сарояндагӣ (миёни довталабони аз 18 то 40-сола), Салоҳиддинхон Ҷалолиддинхонов аз ноҳияи Спитамен дар номинаи композиторӣ (миёни довталабони аз 18 то 40-сола) ва Иброҳим Бобиев аз шаҳри Душанбе дар номинаи навозандагӣ (миёни довталабони аз 12 то 17-сола) Шоҳҷоиза ба маблағи 50 000 cомонӣ супорида шуд. Ҳамчунин дар маросим аз ҷониби ғолибони озмун беҳтарин суруду оҳанг иҷро гардид.

Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, узви ҳайати ҳакамони Озмун Амирбек Мусозода гуфт, ғолибони озмуни мазкур ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайдо намуда, ба мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ, коллеҷи мусиқӣ ва мактаби олии мусиқӣ (консерватория) тариқи суҳбат, ба таври ройгон, бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.

Имсол дар даври аввали озмун 2991 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин теъдод 1317 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз 1317 нафар довталаб, ки дар даври дуюм ширкат варзиданд, 311 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ин теъдод 152 нафар сароянда, 121 тан навозанда ва 38 нафар оҳангсоз мебошанд. Тибқи тақсимоти синусолӣ, ки дар Низомнома муқаррар гардидааст, дар даври сеюм 120 нафар довталаби аз 12 то 17- сола ва 191 нафар довталаби аз 18 то 40-сола иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар барномаи консертии озмуни мазкур суруду оҳангҳое, ки тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон буданд, замзама гардиданд. Ҳар номина дорои талаботи махсуси касбӣ буда, зимни иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг аз ҷониби аъзои ҳакамон ба инобат гирифта шуд.

Салоҳиддинхон Ҷалолиддинхонов аз ноҳияи Спитамен дар номинаи композиторӣ (миёни довталабони аз 18 то 40-сола) иштирок дошт. Оҳанги эҷодкардаи ӯ қалби доваронро тасхир кард. Оҳанги мазкур барои гуруҳи калон эҷод шуда, аз ҷониби ансамбли симфонии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо маҳорати баланди касбӣ иҷро гардид. Чун номи Ҷамолиддинхон ҳамчун барандаи Шоҳҷоиза садо дод, ӯро эҳсосоти дилнишине фаро гирифт.

Бояд гуфт, ки озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад. Озмун ҳамчунин баҳри тарғиби санъати асил, боз ҳам ғанитар гардонидани фазои  маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик  равона гардидааст.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE