Душанбе: Ҷазои ду мард барои истифодаи зӯроварӣ нисбат ба занон
Аз ҷониби бахши нозирони пешгирии зӯроварӣ дар оилаи мақомоти милитсияи пойтахт дар натиҷаи санҷиш ва баррасии муроҷиати як нафар зан дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур ҳолати хушунати оилавӣ ошкор карда шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Муайян гардид, ки шаҳрванд Муқумов Ҳасан Собирҷонович, санаи таваллудаш 19 июни соли 1979, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Восеъ 111, нисбат ба собиқ ҳамсари худ амалу рафтори хушунатовар истифода мебурдааст. Чунончӣ, ӯ 15 ноябри имсол нисбат ба собиқ ҳамсараш амалу рафтори хушунатоварро истифода карда, боиси озори ҷисмониву равонии ҷабрдида гардидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба дастгиршуда Ҳасан Муқумов тибқи талаботи моддаи 93 иловаи 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ санади маъмурӣ тартиб дода шуда, Суд нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ намуд.
Инчунин дар натиҷаи санҷиши муроҷиати як нафар зани дигар аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Ҷайлобов Амоналӣ Қурбоналиевич, санаи таваллудаш 1 августи соли 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р.Каримов дастгир карда шуд. Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки мавсуф 16 ноябр дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари худ муноқиша намуда, нисбат ба ӯ зӯровариро истифода кардааст. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Амоналӣ Ҷайлобов санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбат ба номбурда ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъйин карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила, аз байн бурдани муноқиша ва нофаҳмиҳои оиладорӣ бахши нозирони пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шуда, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёту оиладории солим фаъолияти ҳамаҷониба ба роҳ мондаанд. Дар натиҷаи фаъолияти самараноки ин ниҳоди мақомоти милитсия ҳодисаҳои зиёди хушунату зӯроварӣ дар оила ошкор ва нисбат ба поймолкунандагони ҳуқуқу манфиатҳои занон тадбирҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда, ҳамзамон оилаҳои зиёде аз хатари ҷудошавӣ наҷот дода шудаанд.
АКСҲО аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе