Дар Душанбе Рӯзи байналмилалии оила таҷлил гардид

Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Оила-макони меҳру муҳаббат» бо иштироки оилаҳои намунавӣ аз ҳама соҳаҳои мухталифи ҷомеа, баргузор намуд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар чорабинии мазкур узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд карданд, ки маҳз дар оила зиндагии инсон оғоз меёбад, маҳз дар он одамизод муҳаббат, эҳтиром, хурсандӣ ва меҳрубонӣ меомӯзад.

Оила ва суннатҳои оиладорӣ дар ойинҳои миллии тоҷикӣ ба фарҳанг ва маърифати ин миллати куҳанбунёд асос ёфтаанд. Гузаштагони фарҳангсиришти мо дар ин маврид рисолаву таълимоти хоссаи худро эҷод кардаанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсола пайваста амиқтару мукаммалтар гардидаанд. Дар баробари ин ойинҳои оиладории тоҷикон аз маросим ва суннатҳои дигари рӯзгори миллати тоҷик, мисли ҷавонмардиву футувват, озодагиву озодманишӣ, хайрхоҳиву накӯкорӣ ва инсонпарвариву башардӯстиву адолатпешагӣ сарчашма ва ғизо мегиранд. Яъне, ойинҳои оиладории миллии мо ҳадафу расолати худро дошта, дар ин мавзӯъ гузаштагони адабпарварамон таълимот ва рисолаҳои зиёде ба мерос гузаштаанд.

Дар охир баҳри болидахотирии ҳозирин барномаи ҷолиби фарҳангӣ, бо иштироки ҳунармандони саршинос намоиш дода шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE