Самӣ Шариф: то 1 январи соли 2021 дар ноҳия қарзи музди меҳнат вуҷуд надорад

Дар ҷамъбасти соли 2020 музди миёнаи маоши меҳнаткашони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 2383 сомонию 28 дирамро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2019 ба маблағи 64 сомонию 58 дирам зиёд шудааст. Қарзи музди меҳнат ба 1 январи соли 2021 дар ноҳия вучуд надорад. Чунин зикр шуд имрӯз дар нишасти матбуотии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба хабарнигорон.

Дар нишасти имрӯзаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе раиси ноҳия Шариф Самӣ Ҳамид ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ба пешвози ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии кишвар ҳамаи ҷидду ҷаҳди масъулин равона гардидааст. Аз ҷумла, масъалаи муҳиме, ки матраҳ гардид, азнавсозии биноҳои фарсудашудаи маъмуриву истиқоматии ҳудуди ноҳия аст, ки давра ба давра ба таври замонавӣ ва ошёнаҳои баланд сохта шуда истодаанд. Хусусан, дар мадди аввал мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ дар мадди авваланд.

Дар идомаи суҳбат, раиси ноҳия Шариф Самӣ изҳор дошт, ки пешравии иқтисодиётро бе рушди соҳаи сохтмон тасаввур кардан номумкин аст. Дар давраи сипаригашта ташкилотҳои сохтмонии ноҳия дар беҳдошти симои меъморию зоҳирии шаҳри Душанбе ҳиссаи сазовор гузоштаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади мутобиқ намудани кӯчаю хиёбонҳо ба нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз ҷониби мутахассисони соҳа дар соли 2020 аз як қатор кӯчаҳои шаҳр хонаҳои истиқоматӣ бартараф карда шуда, барои бунёди дигар иншоотҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Дастгирии беморону маъюбон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумати кишвар ба шумор рафта, амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ба маъюбон ҳамасола ҷонибдорӣ намуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ кӯмакҳои пайвастаи хешро дареғ намедорад.

Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар нишаасти хабарии имрӯза гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар оянда тамоми фаъолияти худро баҳри иҷрои вазифаҳои аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар гузошташуда равона намуда, ҳамаи тадбирҳоро меандешад, ки ҷамъбасти соли 2021 – ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намояд.

Нигинаи ДАВРОНЗОД,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE