Душанбе: Оғози сохтмони арчаи солинавӣ

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт, дар паҳлӯи Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ  арчаи солинавӣ бо баландии 30 метр  ва паҳноии 16,5 метр устувор карда мешавад. Дар назар аст, ки то 10 декабр ороиши пурраи он  ба анҷом расад. Айни ҳол кормандони Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»  ба оро додани ин арчаи идона машғуланд.

Арчаи идонаи имсола бо баландию паҳноӣ, ҳашамату зебоӣ  ва ороишоти технологии замонавиаш  аз арчаҳои солинавии солҳои пешин фарқ хоҳад кард.

Фарқияти арчаи имсола боз дар он аст, ки имсол бозичаҳо камтар насб гардида, он бо технологияи муосиртарин – медиафасад, яъне чароғакҳои светоидӣ ороиш дода шуда, ҳангоми  шаб мисли навор намоён мегардад. Дар паҳлӯи  арча саҳнаи барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ҷойгир мешавад. Дар назди арча макетҳои  ороишӣ, ороиши дарвозаи соли нави 2022,  туҳфаҳо ва  дигар  бозичаҳои солинавӣ ҷойгир карда мешаванд.

Ба зикри Шарофиддин Талабов, муовини директори  Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе», барои бошукӯҳ гузаронидани Соли нави мелодӣ  дар дигар гӯшаву канори  пойтахт, аз ҷумла, дар чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе — «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майдони 800-солагии Москваи ноҳияи Шоҳмансур, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А. Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ  ва   майдони паҳлӯи  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  арчаҳои идона гузошта мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE