Вуруди 141 ҳазору 570 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech»

15 декабр бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи механизми КОВАКС ба Тоҷикистон  141 ҳазору 570 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» ворид гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вояи ваксинаи «Pfizer-BioNTech» бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва ҷиҳати ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ворид шудааст.

То 15 декабр дар Тоҷикистон 3 миллиону 386 ҳазору 686  нафар ё 58,1 фоизи одамон бар зидди сирояти  коронавируси нави COVID-19 ваксина гирифтаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 миллиону 754 ҳазору 739 нафар ё  47,3 фоизи  шаҳрвандони кишвар гирифтаанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE