Маркази ҷумҳуриявии ғизо баъди таъмири пурра ба истифода дода шуд
Ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ғизо ва пешгирии бемориҳои вобаста ба он Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд, махсусан Барномаи тандурустии ҷамъиятии ҳамкории байналмилалии Олмон аз таъмири куллӣ бароварда шуда, ба истифода дода шуд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар маросими ба истифода додани маркази мазкур, ки дар «Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ» ҷойгир мебошад, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, намояндагони якчанд вазорату идора ва кумитаҳо, шарикони рушд, роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, марказ аз ҳуҷраҳои корӣ, таълимӣ ва озмоишгоҳ иборат мебошад, ки дар онҳо тамоми шароит ва имконоти мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Соли равон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардидани 2 ҳуҷҷати муҳими стратегӣ вабаста ба ғизо- «Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии вазъи ғизои аҳолӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи пешгирии норасоии микронутриенҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи мазкур таҳти таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.