Машраби Абдуллоҳ: Таваҷҷуҳи Президенти кишвар ба рушди илму маориф ҳамеша мушоҳида мешавад

“Бардошти аввал аз Паёми ироашудаи навбатӣ ин аст, ки тафаккури бо маош зистан хоси даврони Шӯравист, чунки он ҳангом чархи тракторро агар дар хонаатон медоштед, ҳатман бозпурсӣ менамуданд ва амсолашон. Дар замони соҳибистиқлолӣ рушди бахшҳои хусусӣ он маъниро шомил аст, ки шаҳрванд бо доштани маблағ бояд онро дар гардиш гузорад, чунки пул фақат тавассути гардиш метавонад ҳаҷман зиёд гардад. Аммо, бидуни гардиш пул сарф шуда, оқибат талаф меёбад. Конститутсияи кишвари мо ҳуқуқи доштани моликияти хусусиро воҷиб медонад ва пояи асосии иқтисоди бозорӣ маҳз моликияти хусусӣ маҳсуб мешавад. Танҳо хизматчии давлатӣ барои тиҷорати хурду миёна ва сармоягузорӣ имкон надорад, аммо аксар шаҳрвандон бинобар иштиғол варзидан ба тиҷорат имкон пайдо мекунанд дар афзудани ҳаҷми маблағ саҳм гузоранд”,-навиштааст Машраби Абдуллоҳ, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукии худ.

Ба навиштаи ӯ, дар ҷомеаи муосир инсон ҷиҳати ворид шудан ба тиҷорат аввалан ба бонкҳо муроҷиат карда, тавассути қарз маблағро дар гардиш мегузорад, чунки қонуни асосии иқтисодӣ, ки буҷаи давлатӣ аст, шаҳрвандонро фақат бо маош, кумакхарҷӣ барои донишҷӯён ва нафақаи афроди солхӯрда таъмин мекунад. Аз ин хотир, инсони муосир бо истифода аз шароити фароҳамгардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони сармоя доштанро фақат тавассути шуғли тиҷорат пайдо мекунад. Сармоя бошад, бидуни гардиши молию пулӣ хусусияти зотии худро гум хоҳад кард. Бо вуҷуди ин, дар Паёми ироашуда маоши кормандони буҷавӣ 20 фоиз шурӯъ аз 1-уми июли соли 2022 зиёд гардид ва маоши кормандони муассисоти ҳарбӣ бошад, дар соли 2022 25 фоиз афзуд.

Таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ қабл аз ҳама саноат аст, чунки бидуни саноат ҳар гуна пешравӣ фақат рушду тараққии муваққатиро мемонад. Барои давлатсозӣ таҳияи саноати рақобатпазир гоми нахустин дар раванди муосирсозӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин, солҳои 2022-2026 дар Паёми ироашуда «Солҳои рушди саноат» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ҳастии миллатҳо, давлатҳо ва ҷомеаҳо дар садаи XXI тавассути саноат сохтани муҳити пасоиндустриалӣ аст ва маҳз низоми сиёсии муосир дар кишварҳои тавсеаёфта бо унвони пасосаноатӣ муаррифӣ мешавад. Чунки мушкили асосии ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф, ки бо шуғл таъмин намудани шаҳрвандон аст, фақат бо дарназардошти татбиқ намудани ҳадафҳои саноатӣ рафъ мегардад.

Ҳамеша таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди илму маориф мушоҳида мешавад. Бо дарназардошти таъкидҳои Пешвои миллат тибқи Паёми ироашуда рушди ҷомеаи Тоҷикистон бо истифода аз дастовардҳои илму маорифи кишвар қурб пайдо мекунад. Дар замони муосир пешрафти ҳар навъи ҷомеаҳо бидуни рушди илм тасаввурнопазир мебошад. Ҳар кӣ бо илм ва иттилоот мусаллаҳ аст, ҷаҳонро идора мекунад. Махсусан, сафи истифодабарандагони Интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 4,5 милиён нафар расидааст. Аммо ҳар навъи истифода аз шабакаҳои иртиботӣ паҳлуи мусбату манфии худро дорад ва чунонки системи компутерикунонии ҷомеаҳои тавсеаёфтаро ҷомеашиносон аз кишварҳои абарқудрат баррасӣ карда, ба хулосае омадаанд, ки низоми мазкур аз бештари ҷиҳатҳо ба ҷомеа зиёновар мебошанд.

Дигар масъалае, ки ҳануз ҳам идома дорад ва бо вуҷуди чораҷӯиҳои мудовим дар зеҳни мардуми мо ҳукумат мекунад, масъалаи хушунат маҳсуб мешавад. Ҳануз ҳам мо занонро аз мардон ҷудо месозем ва якеро дар итоати дигаре вогузор мекунем, дар ҳоле ки нақши занону бонувон метавонад дар баробари мардон барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ хидмат кунад. Сиёсати пешгирифтаи мо дунявисозӣ аст, яъне мо ба ормонҳои дунявӣ хушбин ҳастем ва дар ин замина ҳар фарде аз ҷомеаи Тоҷикистон бо доштани ихтиёр дар умур рушд мекунад. Соҳибихтиёрӣ маҳсули омӯзиш аст ва эҳсоси ҷаҳолат моро аз рушд бозмедорад. Паёми ироашуда даъват ба омӯхтану рушди тафаккур буд, чунки бе доштани фикри инфиродӣ ҳар гуна пешравӣ айни замон пасравӣ маҳсуб мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE