Душанбе: Форуми ҷумҳуриявӣ оид ба хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо баргузор гардид

Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «Замона» дар шаҳри Душанбе Форуми ҷумҳуриявӣ оид ба хизматрасонӣ дар тарабхонаҳоро баргузор намуд. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мақсади ташкили ҳамоиш боз ҳам баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ дар иншооти қабулу хизматрасонӣ мебошад.

Дар ҳамоиши мазкур коршиносони соҳа оид ба масоили баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва меҳмоннавозӣ, рақобат дар тиҷорати фаъолияти тарабхонаҳо, вазифа ва уҳдадориҳои кормандони иншооти хизматрасонии сайёҳӣ, ороиши толорҳо ва утоқҳои тарабхонаҳо, тарзу усулҳои ороиши дастархон ва пешниҳоди хӯроку шириниҳо, ташкили банкету фуршетҳо ва дар маҷмуъ ба меъёрҳои байналмилалӣ расонидани сатҳи хизматрасонӣ рӯнамо пешниҳод карда, корҳои амалӣ доир намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE