Пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ
Садои гӯшхароши маводи тарфгарӣ ба атрофиён нохушоянд буда, дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми истифодаи онҳо ҳодисаҳои нохуш, сӯхтор ва бардоштани ҷароҳатҳо ҳангоми таркиши он ба назар мерасад.
Маводи тарфгарӣ бештар шабонгоҳ истифода мешавад, ки аксарияти сокинон дар ҳоли истироҳат ва кӯдакон бошанд, дар хобанд.
Чунин ҳолатҳоро ба инобат гирифта, соли 2008 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Аз ҳамон сол инҷониб мувофиқи моддаи 199, эзоҳи 1, қисми 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)» ворид намудани он ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Ҳамчунин, дар ин модда гуфта шудааст, ки ғайриқонунӣ ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ манъ мебошад.
Имрӯзҳо бархе аз шаҳрвандон дидаву дониста, барои фоида ба даст овардан ба воридоти чунин мавод машғул ҳастанд.
Чунончӣ, 21 декабри соли 2021, тахминан соатҳои 20:30- дақиқа, дар ҳудуди шаҳри Бохтар, кормандони БДА РВКД дар вилояти Хатлон, зимни азназаргузаронии бағоҷи автомобили тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 19-98 FY 01, ки таҳти идораи шаҳрванд Файзалиев Яҳё, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Восеъ қарор дошт, маводи тарфгарӣ, дарёфт ва мусодира намуданд.
Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Файзалиев Яҳё, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ба хариду фурӯши маводи тарфгарии намуди “Трения” машғул шудааст, ки 48 000-ададро ташкил медиҳанд.
Нисбат ба Файзалиев Яҳё дар шуъбачаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199 иловаи-1, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.