Дар Душанбе даври 4-уми Муколамаи амнияти минтақавӣ оид ба Афғонистон оғоз гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Тоҷикистон даври 4-уми Муколамаи амнияти минтақавӣ оид ба Афғонистон – вохӯрии мушовирони амнияти миллӣ ва котибони шӯроҳои амният оғоз гардид. Дар ин бора Шодонҷон Султонов аз макони баргузории нишаст иттилоъ медиҳад. Тибқи иттилои ҳамкорамон дар ҷаласа котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, Мушовири Сарвазири Ҳиндустон оид ба амнияти миллӣ Аджиту Довал, Котиби Шӯрои Олии амнияти миллии Эрон Алӣ Шамхонӣ, ёрдамчии Президент – Котиби Шӯрои амнияти Қазоқистон Асет Исекешев, Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Чин оид ба масъалаҳои амният Чен Гопин, Раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов, Котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев ва Котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Виктор Маҳмудов иштирок доранд.

Интизор меравад, ки масъалаҳои вазъ дар Афғонистон ва хатару таҳдидҳо ба кишварҳои минтақа, ки аз қаламрави Афғонистон бармеоянд баррасӣ гарданд.

Бояд тазаккур дод, ки дирӯз дар Душанбе Насрулло Маҳмудзода бо котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев мулоқоти корӣ анҷом дод. Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами таъмини амният табодули афкор карда, ҷараёни рушди муносибатҳои Русияву Тоҷикистонро зикр намуданд ва ҳавасмандии худро ба таъмиқи муносибатҳои иттифоқӣ иброз доштанд.

Тафсилот нашр мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE