Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар доираи ҷашни 35-солагии  Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Турсунзода 19 иншоот ба истифода дода шуд

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар доираи ҷашни 35-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 19 иншоот сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора имрӯз   Парвиз Акрамзода-  раиси шаҳри Турсунзода  зимни нишасти матбуотӣ дар макомоти маҳал иттилоъ дод.
Ба гуфтаи масъулин дар пешорӯи ин ҷашн дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободонӣ вусъат ëфта, баркарорсозй, бунëд ва ба истифода додани 439 иншоот  ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора дар давоми солҳои 2022, 2923 ва нимсолаи якуми соли 2024 ҳамагӣ   205 иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Турсунзода ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасони 2 миллиарду 428, 6 миллион сомониро ташкил дод,  ки нисбат  ба ҳамин давраи соли гузашта 492, 5 мллион сомонӣ зиëд мебошад. Дар ин давра сохаи саноат 59 ,8 фоиз, кишоварщи 4, 3 фоиз, созхтмон  2, 4 фоиз, хизматрасонии пулаки 8, 8 фоиз ва савдо 22, 3 фоищ афзоиш ëфтааст. Буҷети шаҳри мазкур дар ин  давра  бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 102, 5 фоиз иҷро гардида, барои пардохти музди меҳнат ва моддаҳои ҳимоякунандаи буҷетӣ равона гардидааст.
Тоҷиддин Сатторзода,
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE