«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд

10 октябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, роҳбари Дастгоҳи Ҳукумат Дмитрий Григоренко бо директори ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников баргузор шуд.

Зимни гуфтушунидҳо ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ ва ҷорисозии имконияти технологии русиягӣ барои рушди соҳаи телекоммуникатсионии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Анатолий Изюмников иброз намуд, ки ширкат бо IT-ширкатҳои Русия, ки маҳсулоти таҳиякардаашон ба МегаФон Тоҷикистон дар рушди хизматрасониҳои рақамӣ мусоидат ва сатҳу сифати баланди алоқаро таъмин менамояд, ҳамкории стратегӣ ба роҳ мемонад. Дар байни ҳамкорони асосӣ — Nexign, Protei, «Связьком», инчунин Маркази мониторинг ва эътинои фаврӣ ба қазияҳои бехатарии иттилоотӣ (SOC) мебошанд. Истифодаи маҷмуии ин имконият дар ошкоркунӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии кибертаҳдидҳо дар ҳама сатҳҳои шабакаи корпоративӣ кумак мерасонад. Дар баробари ин, МегаФон Тоҷикистон SOC-ро на танҳо барои эҳтиёҷоти худ истифода мебарад, балки инчунин имконияти пешрафтаи онро оид ба таъмини амнияти кибернетикӣ ба дилхоҳ ташкилоти Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

«Мо пайваста кӯшиш менамоем технологияҳое ба роҳ монем, ки ба ҳар сокини ҷумҳурӣ дастрас бошад. Якҷоя бо шарикони русиягӣ мо дурнамои рушди иқтисоди инноватсиониро амалӣ менамоем ва ба сӯи ояндаи рақамии Тоҷикистон ҳаракат дорем», — таъкид намуд директори генералии ширкат Анатолий Изюмников.

Инчунин зимни мулоқот диққати махсус ба рушди хизматрасониҳои рақамӣ, ки ба баландшавии сатҳи мувофиқат ва сифати ҳаёти истифодабарандагон мусоидат менамоянд, равона карда шуд. Яке аз лоиҳаҳои муҳимтарини ширкат замимаи нодири мобилии «МегаФон Life» маҳсуб меёбад, ки он аз ҷониби оператор мустақилона таҳия гардида, шабеҳи он ҳоло дар ҷумҳурӣ вуҷуд надорад. Аз ин замима аллакай миллионҳо сокинони Тоҷикистон истифода мебаранд.

SuperApp-и «МегаФон Life» тамоми хизматрасониҳои зарурӣ: амалиёти молиявӣ, пардохти маблағи хизматрасониҳои давлатӣ ва коммуналӣ, идоракунии ҳисоб – ҳамаи инро дар як замимаи муносиб ва бехатар муттаҳид намудааст.

МегаФон Тоҷикистон инчунин фаъолона технологияҳои зеҳни сунъиро ба роҳ мемонад. Ҳамин тавр, чат-боти зеҳнии Dono AI ба муштариён дар ҳалли масъалаҳои рӯзмарра – аз тафтиши тавозун то пайвасткунии хизматрасониҳо кумак мерасонад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE