Агентии обуҳавошиносӣ: Пагоҳ дар Тоҷикистон барф меборад
Пагоҳ, 22 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои водӣ ва доманакӯҳӣ борон ба барф мубаддал гардида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. 21 ва 24 январ дар ноҳияҳои алоҳида фаромадани тормеғ (туман) дар назар аст, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи пешгӯӣ ҳавошиносони мамлакат, дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ ҳаво рӯзона то 10-12 дараҷа паст мешавад. Дар ҳамин рӯзҳо бо сабаби зиёдшавии қабати барф дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр, дар ноҳияҳои тобеи марказ, дар қисмати шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон, Туркистон, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ш.Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб яхбандӣ ва хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Дар шаҳри Душанбе 22 январ борон ба барф табдил ёфта, тормеғ (туман) мефарояд. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 1+3 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳаво шабона 5-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа гарм то 4 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо низ барф меборад.
Дар вилояти Суғд 22 ва 23 январ боридани барф, вазидани шамоли сахт ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 3 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар кӯҳҳо то 9 дараҷа хунук мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук, дар мавзеи Булункул то 40-42 дараҷа хунук, рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад. 22 январ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят боришоти сусти барф ба амал меояд.
Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво рӯзона дар водиҳо 2+7 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. 22 январ ҳавои тағйирёбанда дар еазар дошта шуда, дар баъзе ҳолатҳо барфи суст ва фаромадани туман дар назар аст.