Коронавирус дигарбора дар Тоҷикистон

Пас аз танаффуси думоҳа дар Тоҷикистон ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дубора ба қайд гирифта шуданд. Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду рӯз қабл дар бораи 23 ҳолати нави сироятёб ва дирӯз роҷеъ ба 36 ҳолати дигари гирифторшавии шаҳрвандони кишвар ба ин беморӣ хабар дод.

Вазорати ҳанӯз  нагуфтааст, ки гап сари кадом навъи коронавирус меравад, ҳарчанд аллакай гузоришҳои зиёде дар бораи вуруди навъи «омикрон» ба кишварҳои ИДМ, аз ҷумла ба Осиёи Марказӣ нашр гардида буданд. Ба қавли профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Саидбек Сатторо, ки бо мухбири АМИТ “Ховар” суҳбат кардааст, “дарди сару бадан, бемадорӣ, дарди гулӯ, сулфа ва атса, дарди шикам аз нишонаҳои асосии  омикрон маҳсуб ёфта, он  бештар ба зукоми маъмулӣ монандӣ дорад».

Ба андешаи мавсуф, навъи «омикрон» шакли нави тағйирёфтаи COVID-19 буда, нишонаҳои он ба дигар навъҳои COVID-19 қариб монандӣ доранд. «Баморӣ  метавонад дар шакли обравӣ аз бинӣ, бемадорӣ, дарди сар, беиштиҳоӣ ва халалдоршавии хоб ба амал ояд, вале он  нисбат ба дигар намудҳои COVID-19  сабуктар  мегузарад. Навъи омикрон хеле зудпаҳншаванда  буда, давраи беморӣ нисбатан сабук паси сар мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо метавонанд нишонаҳои  беморӣ дар 3-4 рӯз бартараф шаванд. Навъи нави COVID-19-ро аз шамолхӯрдагӣ фарқ кардан мушкил аст. Аз ин рӯ, дар сурати ҷой доштани нишонаҳои зикршуда бемор метавонад аз ташхиси COVID-19 гузарад», — гуфтааст Саидбек Сатторов.

Ёдовар мешавем, ки навъи омикронии коронавирус ё B.1.1.529 моҳи ноябри соли 2021 дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ба гуфтаи коршиносон, афроде низ, ки бемор гардидаанд ва ваксина гирифтаанд, метавонанд ба он гирифтор шаванд. Навъи нав аллакай дар 110 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои ИДМ ошкор шудааст. Ба ақидаи коршиносон, омикрон нисбат ба навъи қаблӣ – «делта» зудтар паҳн мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE