ДДФСТ: Курсҳои омӯзишии забонҳои русӣ ва англисӣ оғоз гардиданд

Имрӯз дар Донишкадаи   давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода курсҳои омӯзишӣ аз рӯйи ихтисосҳои «Истифодати технологияи нави муосир (тахтаҳои электронӣ, видиопроектор ва дигар таҷҳизоти техникӣ)», «Барномаи компютерии адворнависӣ Сибелиус», «Забони русӣ» ва «Забони англисӣ» бо иштироки кормандон ва омӯзгорони Донишкада оғоз гардиданд, хабар медиҳад сомонаи Донишкадаи мазкур.

Декани факултети такмили ихтисоси кормандони фарҳанг,  санъат ва табъу нашри ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода Султонмурод Ёров мегӯяд, ин курсҳои омӯзишӣ вобаста ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» роҳандозӣ шудаанд.

Курсҳои омӯзишӣ даҳ рӯз идома ёфта, дар баланд бардоштани маҳорати касбӣ, рушди фарҳанги техникӣ ва такмил додани донишу истифода аз технологияи муосири таълим, усулҳои нави инноватсионии таълим, савияи дониши техникии мутахассисон ва устодони донишкада мусоидат менамоянд.

       

Аксҳо аз ДДФСТ

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE