Нишастҳои матбуотии 31 январ

31 январ Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг соати 09:00 дар Вазорати фарҳанг доир мешавад. Хадамоти алоқа нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Маркази тиҷоратии «Созидание», ошёнаи 2 баргузор менамояд.

Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои кишоварзӣ нишасти матбуотиро соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур доир менамоянд. Нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 15:00 дар вазорати мазкур доир мешавад.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи www.sadoidushanbe.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE