Муждагонӣ аз Наврӯз
Як хусусияти муҳимтарини рӯҳияи миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ин аст, ки тайи ҳазорсолаҳо эҳсоси хушбинӣ ба зиндагонии бароҳату хушбахтона, эътимод ба ояндаи неку умедбахшро ҳатто дар мушкилтарин лаҳзаҳои рӯзгор аз даст надод ва дар лобалои таърихи саршор аз шебу фарозҳо ҷашнвораҳое офарид, ки умри ҷовидона ёфтанду арзиши фаромиллӣ касб намуданд. Сада аз ҷумлаи чунин ҷашнвораҳост, ки қарнҳои тӯлоние ҷашн гирифта мешуд ва дар сатҳи шаҳриёрон ва мардуми оддӣ пазируфта шуда буд.
Шоирони садаи 10 Манучеҳриву Унсурӣ ин ҷашнро «русуми кибор (бузургон), ойини Каюмарсу Исфандиёр, ҷашни мулук (шаҳриёрон)-и номдор ва ёдгор аз Ҷамшеду Фаридун» донистаанд. Фарҳангшиноси шинохтаи тоҷик Ҷонибек Асрориён дар навиштае барҳақ қайд мекунад, ки дар ҷашнвораҳое чун Сада, Меҳргон ва Наврӯз мардум саъй мекарданд худро аз ботин ба некӯӣ тағйир диҳанд, орзую ормонҳо кунанд, либоси навин ба бар намоянд, мусиқиву суруд биёфаранд, ба рӯҳи гузаштагон дуо фиристанд.
Барои маросими Сада аҷдодонамон мавзеъҳои хос интихоб менамуданд. Ҷашнгоҳҳо бо бозору раставу дӯконҳо хуб муҷаҳҳаз буданд. Дар парастишгоҳҳои аҳамияти ҳарбиву тиҷоратӣ ва парастишидошта оташкадаҳо бунёд мекарданд. Масалан, дар соҳили рӯди Вахш дар аҳди Ҳахоманишиён истеҳкоме бунёд карда буданд, ки имрӯз бо номи Тахти Сангин маъруф аст. Дар маъбади ба эҳтироми эзиди Оахшо сохтаашон ҳамеша оташи муқаддас фурӯзон буд. Мӯъбадон намегузоштанд, ки он лаҳзае хомӯш шавад, бинобар ин, барои нигаҳдории оташ аловхонаҳо ва оташдонҳо месохтанд. Ақвоми ориёӣ ба ҳикмат асрори оташро дарёфтанд. Онҳо нахуст Офтобро чун мазҳари гармиву рӯшноӣ арҷ гузоштанд ва оташро тимсоли он шинохтанд, ба рӯшаниву гармӣ хосиятҳои муқаддасу писандидае пайвастанд.
Дар Қаротегину Дарвозу бисёр деҳоти Кӯлоб мардумшиносон аловхонаҳои зиёде ёфтанд, ки то солҳои 30-уми садаи гузашта барҷой буданд. Дар сармои зимистон дар ин аловхонаҳои дудхӯрда аксаран мардон барои ибодату суҳбату ҳолпурсӣ аз ҳамдигар ҷамъ меомаданд. Барои мардуми Бадахшон низ оташдон ҷойи муқаддас, меҳроби хонадон дониста мешуд. Маросими сӯгворӣ бо номи «Чароғравшан» аз гиромидошти ин унсури муқаддас аз ҷониби онҳо гувоҳӣ медихад. Аловхонаҳо дар куҳистони тоҷикон то густариши ислом вуҷуд доштанд.
Ба андешаи Абӯрайҳони Берунӣ-яке аз бузургтарин мутафаккирони тоҷик, иди «Озарҷашн»-ро қадимиён оғози зимистон дониста, оташҳои бузурге дар хонаҳо меафрӯхтанд ва Худовандро ибодату ситоиши зиёд мекарданд. Яъне ниёгони мо оташро намепарастиданд, балки ба он чун тимсоли Офтоби ҷаҳонафрӯз эҳтиром мегузоштанд. «Озарҷашн» ба рӯзи нахустини чила рост меомад. Барои ин рӯз меваи хушк-мавиз, анҷир, тут, зардолу, равғани зарду қурут, чаккаву шир омода мекарданд. Ба хотири нахустин шаб миёни каҳу каҳдарзаҳо дар ҷойҳои хосса анор, чилон, санҷид ва тарбузи чилагӣ нигоҳ медоштанд, то рӯйи дастурхон бигзоранд.
Сада бо тавлиди Офтоб, шаби Ялдо дар пайвастагист. Яъне метавон гуфт, ки Сада ҷашни чилаи Хуршеди оламтоб аст. Анъанае дар мардуми мост, ки аз рӯзи таваллуд то чиҳил рӯз навзодро дар хона, дур аз чашми бад нигоҳ медоранд. Ва баъде, ки хандонрӯ мешавад, гаҳворабандон мекунанд, пасон бо оташи Сада гарм мекунанд. Ҷонибеки Асрориён-муҳаққиқи шинохтаи таърихи фарҳанги тоҷикон ба таъбири шоирона Садаро «гаҳворабандони Офтоби ҷаҳонтоб» номидааст.
Гузаштагони мо русуми ғалатӣ доштанд: рӯзи ҷашнҳо дар бухориву сандалиҳо гарм мешуданду 7 шамъ меафрӯхтанд, ғизоҳои аз рӯйи мизоҷ гарми ҷашние, амсоли қурутоб, умоч, далда ва кашк мехӯрданд. Дар ин рӯз ба хонаи хирадмандон мерафтанд, бо ёрон машварату бо душманон оштӣ мекарданд, духтарон дар матоъҳои сурху гулобии нишонаи оташдошта нақшу нигор медӯхтанд, яъне меҳру самимият, орзую ормони худро дар матоъ таҷассум мекарданд.
Дар арафаи Сада, ки «Баҳманҷана» ном дошт, бонувони пешини тоҷик ба деги калоне аз ҳама рустаниву донагиҳо ва тухмҳову гӯштҳои ҳар ҳайвоне андохта мепухтанду ба ҳар ҷое мефурӯхтанд. Мардум баҳмани сурхро бо шири тоза мехӯрданд ва муборак медонистанд.
Сада паёме аз даврони куҳан, аз ихтирои бузурги инсоният асту намунаи барҷастаи ҳикмати ҷаҳонтасхири ниёгони номвари мост. Ва боиси ифтихору фараҳмандии мост, ки бо ибтикору дастурҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ҷашнвораҳои аҷдодони накӯноми мо дар 30 соли истиқлоли давлатиамон аз нав эҳё гардиданд. Мардуми сарфарози мо онҳоро бо дилгармиву самимият ва хушҳолии беандоза ҳарсола ҷашн мегиранд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар тарғиби ҷашнвораҳои миллӣ нақши матбуоти даврию соҳавии кишвар ва хосса Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон хеле назаррас аст. Маҳз бо талошу заҳматҳои кормандони ин ниҳоди муҳими итиллоотӣ мардум ба дарки арзиши фаромиллии офаридаҳои маънавии ниёгон мерасанд ва дар зеҳнашон муҳаббату самимият ва садоқат ба ин арзишҳои миллӣ устувору мондагор мегардад. Ҳайати эҷодии Кумитаи телевизион ва радиоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҷараёни таҷлили тамоми ҷашнвораҳои миллӣ, минҷумла Садаро, дар ҳар гӯшаву канори Ватани биҳиштгунаамон дар сатҳи баланди касбӣ инъикос намуда, дар таҳкими сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоистаи таҳсин мегузоранд.
Он миллате, ки гузаштаи худро фаромӯш намекунад ва ба офаридаҳои маънавии ниёгонаш-расму ойин, анъанаю боварҳо ва урфу одатҳои мардумӣ эҳтиром дораду арҷ мегузорад, албатта, ба тамоми орзую мақсадҳои худ дар ҷодаи пешрафту шукуфоӣ хоҳад расид.
Фирӯз КАРИМЗОДА,
сармуҳаррир
Хуршед БАРИЕВ,
муҳаррири варзида