Ҳайати Парлумони Аврупо ба Тоҷикистон меояд
Дар Брюссел 8 феврал мулоқоти Сафири Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода бо Раиси Кумитаи равобити байналмилалии Парлумони Аврупо Дэвид Макаллистер баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъ ва дурнамои равобити ИА ва Тоҷикистонро, аз ҷумла дар бахши умури парлумонӣ баррасӣ намуда, ният ва нақшаҳои хешро ҷиҳати рушду густариши онҳо иброз доштанд.
Қисмате аз мусоҳиба ба мавзӯъҳои минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон ва марзи ду кишвар ихтисос дошт. Мусоҳибон дар масъалаи зарурати ҳалли масоили баррасишуда ба нафъи сулҳу суботи минтақа ва рушду инкишофи кишварҳои он ҳамфикр буданд.
Бо дарназардошти сафари қарибулвуқуъи ҳайати Парлумони Аврупо ба Тоҷикистон мавзуъҳои марбут ба он мавриди баҳс қарор гирифтанд ва зарурати мубодилаи афкор дар ҳама масоили мавриди эҳтимоми тарафайн таъкид гардид.