Вохӯрии Бахтовар Сафарзода бо вазири кишоварзӣ ва озуқавории Беларус

20 июли соли 2023 мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Игор Брило, ки ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ мебошад, баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷонибҳо масоили тақвияти ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ карда, атрофи масъалаҳои муҳтавоии ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии зикршуда мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, ҷонибҳо ҳамзамон дар мавриди иштироки эҳтимолии ширкатҳои номдори агросаноатӣ ва саноати сабуки Беларус дар ҳамоишҳои сармоягузорӣ ва иқтисодии дарпешистодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар карданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

акс:ВКХ ҶТ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE