Аввалин парвози мунтазам байни Душанбе ва Маскав 2 апрел тавассути ширкати ҳавопаймоии Россия сурат мегирад
1 апрел бо гузашти беш аз як сол Россия парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳоро бо Тоҷикистон барқарор менамояд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода гуфт, 2 апрел ширкати ҳавопаймоии Россия «UTair» дар масири Москва-Душанбе-Москва парвоз анҷом медиҳад. Рӯзи сешанбе, 6 апрел ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon AiR» дар хатсайри Душанбе-Москва –Душанбе парвоз менамояд. Ҳамин тариқ Россия баъд аз Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Афғониситон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон шашумин кишварест, ки парвозҳои мунтазами ҳавоиро бо Тоҷикистон барқарор намуд. Мавриди зикр аст, ки парвозҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Россия бо сабаби хуруҷи бемории сироятии COVID-19 аз 20 марти соли 2020 мувақатан қатъ гардида буданд.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта роҳандозии парвозҳои мунтазами ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Россия дар ҷаласаи корӣ, ки дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сохторҳои авиатсионии Тоҷикистон ва намояндаи ширкати ҳавопаймоии Россия «UTair» доир гардид, баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки бо иқдомҳои наҷибонаи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи эпидемиологӣ вобаста ба бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон муътадил гардидааст. Муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар барои барқарор намудани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, пайдарпай парвозҳои байналмилалие, ки бо хуруҷи бемории COVID-19 муваққатан қатъ гардида буданд, барқарор карда мешаванд.
Аз ҷумла, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуда буд, ки бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоид барои истифода бурдани нақлиёти ҳавоӣ аз ҷониби мусофирон ва рафтуомади бемушкилии шаҳрвандон парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барқарор карда шаванд.
Тибқи қарори қабулнамудаи мақомоти дахлдори Федератсияи Россия, ба парвозҳои мунтазам байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатсайри Москва-Душанбе-Москва бо зичии 1-парвозӣ дар як ҳафта аз ҳарду ҷониб иҷозат дода шудааст. Амалӣ намудани парвозҳо бо зичии 1-парвозӣ дар як ҳафта аз ҳарду ҷониб оғози барқарорсозии парвозҳои мунтазам буда, бо беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ ҷиҳати афзоиш додани парвозҳо дар асоси қарорҳои дахлдори қабулнамудаи ҷонибҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд, мегӯяд директори Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода.
Дар ҷаласаи корӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост шудааст, ки ба болоравии беасоси нархи чиптаи ҳавопаймо роҳ надиҳанд ва нархи чиптаро дар доираи арзиши аслӣ, ки дар масири Душанбе- Москва –Душанбе ва Москва –Душанбе –Москва 500 $ барои рафту омад ва 250 $ барои як тараф муайян гардидааст, ба танзим дароранд.