Китоби «Шоҳкориҳои Пешвои миллат» ба табъ расид

«Шоҳкориҳои Пешвои миллат» ном дорад китоби тозанашр Иброҳим Пирназаразода, ки онро нашриёти «Эр –граф» бо теъдоди 400 нусха ба забони тоҷикӣ чоп намудааст.

Китоби «Шоҳкориҳои Пешвои миллат» таҳти назари номзади илмҳои сиёсӣ Асадулло Раҳмон мунташир гардидааст. Он ба хотири муаррифии аз ҳазор сӣ корномаи Пешвои миллат дар зарфи сӣ соли истиқлоли давлатӣ руи чоп омадааст. Муаллиф саъй намудааст, ки муҳтавои якчанд шоҳкориҳои Пешвои миллатро дар шакли ихчаму сода пешкаши хонанда намояд.

Дар зарфи 30 сол шахсияти таърихии Пешвои муаззами миллат такмили амиқи сиёсӣ ёфт, ҳамчун чеҳраи нотакрори сулҳовар дар ҷаҳони муосир дурахшид ва ташаббусу пешниҳодҳои созандаашон, ки онҳоро шоҳкорӣ меноманд, барои халқи тоҷик, арсаи байналмилалӣ ва таърихи навини он заминаи устувори давлатдорӣ гардиданд.

Пешвои миллат ҳанӯз аз замони оғози марҳилаи фаъолияти худ ба мактаби бузурги давлатсозии миллати тоҷик такя намуда, беҳтарин намунаҳои онро мавриди корбаст қарор додаанд. Умед аст, ки насли ояндасози миллат низ аз мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гардида, дар оянда ин ганҷинаи раҳнаморо тақвият дода, нақшаҳои созандаи ин шахсияти таърихиро, ки дурнамои садсолаҳоро дар назар доранд, ба хотири таъмини зиндагии шоистаи ояндагон идома мебахшанд.

Китоби «Шоҳкориҳои Пешвои миллат аз сарсухан ва ва сӣ шоҳкорӣ- «Наҷоти давлатдории миллии тоҷикон», «Ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон», «Таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барқарор намудани низом ва аркони давлатдорӣ», «Таъсис ва таҳкими иқтидори ҳарбии артиши миллии Тоҷикистон», «Ташаккули давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори миллӣ», «Барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони навин», «Баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба ватан», «Рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон», «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат- бунёдгузори Тоҷикистони навин», «Наҷоти кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ», «Дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикӣ дар Тоҷикистон», «Идомаи бунёди Роғун- ҳамчун корзори воқеии нангу номус ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон», «Аз бунбасти коммуникатсонӣ раҳо намудани Тоҷикистон», «Талошҳо барои дастёбӣ ба истиқлолияти озуқаворӣ», «Тарҳрезии рушди босуръати саноат-ҳадафи чоруми миллӣ», «Ташаккул ва татбиқи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ба сатҳи талаботи ҷаҳони муосир мутобиқсозии соҳаи маориф», «Ба роҳ мондани низоми таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар замони истиқлол», «Эҳёи миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ», «Эҳёи фарҳанги миллӣ», «Эҳёи ҷашни Наврӯз ва мақоми байналмилалӣ гирифтани он», «Эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ дар замони истиқлол», «Ҳифзи забон ва асолати он дар замони истиқлол», «Таҷдид ва посдории мероси гаронбаҳои Саразми бостонӣ», «Фазилатҳои Пешвои миллат дар дастгирии ашхоси ниёзманд», «Поягузории дипломатия ва сиёсати хориҷӣ», «Бунёдгузории дипломатияи об дар ҷаҳони муосир», «Таъмини ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ» ва «Ташаккули ҳизби ормонҳои миллӣ» иборат мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE