Хуруҷи нерӯҳои Фаронса аз Мали

Фаронса якҷо бо муттаҳидонаш дар амалиёти байналмилалии зиддитеррористии “Такуба” дар пасманзари ихтилофот бо мақомоти феълии ин кишвар аз хуруҷи ҳамоҳангшудаи нирӯҳо аз қаламрави Мали хабар дод. Дар ин бора дар изҳороти Қасри Елисей, ки рӯзи панҷшанбе нашр шуд, гуфта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфтааст, ки Фаронса дар якҷоягӣ бо муттаҳидонаш нерӯҳои худро аз Мали ба қаламрави ҳамсояи Эфиопия интиқол медиҳанд. Ӯ гуфт, ки мақомоти Русия ба зархаридон дар Мали ҳеҷ иртиботе надоранд ва ҳузури онҳо ба ҳеҷ гуна созиш миёни Маскав ва Бамако рабт намегирад.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз моҳи августи соли 2014 Фаронса амалиёти “Бархан” -ро барои мубориза бо гурӯҳҳои исломгаро дар Мали, Буркина Фасо, Мавритания, Нигер ва Чад оғоз карда буд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE