Ҳавопаймои мусофирбарии Air India дар Аҳмадободи Ҳиндустон ки ҷониби Британияи Кабир парвоз мекард,   суқут намуд

Тибқи иттилои  расонаҳои ин кишвар дар ҳавопаймо 242 нафар мусофир аз ҷумла 169 шаҳрванди Ҳиндустон, 53 шаҳрванди Британияи Кабир, 7 шаҳрванди Партугалия ва як шаҳрванди Канада қарор дошт.

Айни ҳол бар асари суқути ҳавопаймо дар Ҳиндустон дастикам 110 нафар ба ҳалокат расиданд.

Таймс оф Индиа тавзеҳ медиҳад, ки ҳавопаймои суқутшуда  Boeing 787 Dreamliner будааст.

Air India дар шабакаи иҷтимоии X хабар дод, ки парвоз бояд аз Аҳмадобод ба фурудгоҳи Гатвики Лондон парвоз мекард. Дар паём гуфта мешавад, ки ширкат дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти ҳодисаро таҳқиқ мекунад.  Ҳавопаймо дарҳол пас аз парвоз аз баландии 250 метр болои бинои хобгоҳи табибон суқут кардааст.

Нарендра Моди амр дод, ки ба наҷотдиҳандагон дар маҳалли суқути ҳавопаймо кумак расонад.

Султонализода Ёқубҷон

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE