Душанбе: Намоишгоҳи шашуми ихтисосии Эрон баргузор мешавад

Аз 27 феврал то 1 март дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи шашуми ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад. Намоишгоҳ бо иштироки ширкатҳои фаъоли истеҳсолӣ, санъатии хадамотӣ дар заминаҳои мухталиф бо ҳузури мақомоти расмии ду кишвар ифтитоҳ мешавад. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Иқдоми мазкур нуқтаи мусбат дар самти ҳимоят аз истеҳсолкунандагони миллии Эрон ва пайванд ба шабакаи содирот ба кишварҳои Осиёи Миёна маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 7 феврали имсол дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Намоишгоҳи 15-уми байналмилалии саноати пластикии «Iran Plast» баргузор гардид, ки дар он бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, аъзои Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ҶДММ «Холис Пласт», ҶДММ «Плас ТҶ», ҶДММ «Асали1», ҶДММ «Пласт мастер», ки ба истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ машғуланд, иштирок намуда, бо ширкатҳои ҷумҳуриҳои Туркия, Эрон, Русия, Арманистон ва Узбекистон вохӯриҳо баргузор намуданд.

Намоишгоҳи мазкур асосан бахшҳои маҳсулоти тайёри саноати пластикӣ, каучукҳои синтетикӣ, бастаҳои пластикӣ, ашёи хом ва кимиёвӣ барои саноати пластикӣ, мошинҳо, таҷҳизот ва лавозимот барои истеҳсоли пластик, таҷҳизоти озмоишӣ, ченкунӣ ва назорат, системаҳои автоматикунонии истеҳсоли пластмасса, саноат ва хизматрасониро дар бар мегирад.

Намоишгоҳи байналмилалии «Iran Plast» зиёда аз 1200 ширкатро аз 15 кишвари ҷаҳон ба ҳам оварда, майдони умумии намоишгоҳ 75 000 метри мураббаъро ташкил дода буд. Иштирок дар чунин намоишгоҳҳо ба соҳибкорони ватанӣ имконият медиҳад, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро дар ин самт омӯзанд, шарикони ҳамкор дарёфт намоянд ва барои ташкили корхонаҳои муштарак шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, содироти маҳсулотро ба хориҷи мамлакат ба роҳ монанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE