Сафари кории Зиёзода ба Шаҳринав

19 феврал баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти​ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ​ Раҳмон муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ҳамроҳ бо раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ҷиҳати шиносоӣ бо​ ҳолати соҳаи кишоварзии​ ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба ноҳияи Шаҳринав рафт, хабар доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.

Зимни боздид муовини Сарвазири мамлакатро раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Акрамзода истиқбол намуданд.

Сулаймон Зиёзода нахуст ба пойгоҳи обкашии «Қаратоғ» рафта, бо вазъ ва иқтидори кории ин пойгоҳ шинос шуд ва ҷиҳати ҳалли мушкилот ва барқарор намудани иқтидори аввалаи кории пойгоҳ ба масъулин супориш дод.

      
Ҳамзамон муовини Сарвазири мамлакат дар кишти картошкаи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Талбак Сафаров» иштирок намуда, аз фаъолияти гармхонаи парвариши помидор дар хоҷагии деҳқонии «Ҳақризо», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов дидан намуд.

Сулаймон Зиёзода зимни сафари корӣ аз минтақаи Долони Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов дидан намуда, бо ҷараёни кишти ғалладонагиҳои барвақтӣ дар талу теппаҳо аз наздик шинос шуд. Дар аснои бозгашт Сулаймон Зиёзода ба корхонаи ҶСП «Парандапарварӣ»-и ноҳия рафта, аз фаъолият ва иқтидори ин корхонаи истеҳсолӣ боздид намуд.

Зимни мулоқот муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакатро ба ҳозирин расонида, зикр намуд, ки баҳри истиқболи сазовори 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёду барқарорсозии корхонаю коргоҳҳои хурди саноатӣ саъю талош намоем.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE