Дар Бадахшон бинои бахши “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” боз шуд

Дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помиринвест -2022” маросими расмии ифтитоҳи бинои бахши Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”- и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид. 

Маркази матбуоти ин ниҳод дар ин бора хабар дода афзуд, маросим бо иштироки мақомдорони баландпояи кишвар ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифт.

“Бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ислоҳоти муҳим гузаронида шуданд”, — таъкид шудааст дар чорабинӣ.

Гуфта мешавад, ки бинои бахши муассиса дар шаҳри Хоруғ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои соҳибкорони навтаъсис ва амалкунанда имконияти нав фароҳам оварда шудааст, то бо соҳибкорони муваффақи ватаниву хориҷӣ мубодилаи афкор ва таҷриба намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE