Дар Душанбе Конфронси миллӣ оид ба ҳалли масоили зӯроварии гендерӣ баргузор шуд
Ҳамасола дар Тоҷикистон аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати гендерӣ» гузаронида мешавад. Дар доираи он дар шаҳри Душанбе Конфронси миллӣ оид ба ҷалби мардон ва писарон ба ҳалли масоили зӯроварии гендерӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш мавзуъҳои «Баррасии ҳолати амали ҷалби мардон ба пешгирӣ ва мубориза бо зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон. Таҷрибаҳои беҳтарин дар Осиёи Марказӣ», «Баррасии ҷалби мардон ва писарон: Омили калидӣ баҳри расидан ба баробарии гендерӣ», «Таҷрибаҳои беҳтарин оид ба ҷалби мардон ва писарон: Тоҷикистон. Ҳамкорӣ бо ходимони дин дар самти оиладорӣ ва пешгирии хушунати хонаводагӣ» муҳокима гардиданд.
Бояд гуфт, ки маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ» дар иртибот ба «Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳама гуна маҳдудкуниҳои ҳуқуқи занон» қабул гардидааст. Дар робита ба ин ҳамасола дар тамоми вазорату муассисаҳои ҷумҳурӣ барномаҳои иттилоотӣ доир мегарданд.
Бояд гуфт, ки амалҳои зӯроварӣ ва хушунат дар ҷомеа имрӯзҳо дар шаклҳои мухталиф зоҳир шуда, бар зидди онҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Таҷриба муайян намуд, ки хушунат дар рӯзгори мардум ҳамчун хушунати мард нисбат ба ҳамсар, хушунати модаршӯ нисбат ба келинҳо, хушунати падарону бародарон нисбат ба духтарону хоҳарон ва дар баъзе ҳолатҳо хушунати калонсолон нисбат ба хурдсолон, яъне кӯдакон зоҳир мегардад.
Омода набудан ба оиладорӣ, набудани маълумоти касбӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои худ ва надоштани одоби муошират барои хушунат дар хонавода замина муҳайё месозанд.