Гулчанбарории Пешвои миллат дар оромгоҳи собиқ Президенти марҳуми Миср Муҳаммад Анвар Содот
10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, тамаддун ва фарзандони баруманди ин кишвар дар шаҳри Қоҳира дар назди муҷассамаи сарбози номаълум ва оромгоҳи собиқ Президенти марҳуми Миср Муҳаммад Анвар Содот гулчанбар гузошта, эҳтиром ба ҷо оварданд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо доданд.
Дар ин маросим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср ҳамроҳӣ карданд.