Дар Исломобод масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар пойтахти Покистон – шаҳри Исломобод Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбоев мулоқот анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд тазаккур дод, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷиҳати иштирок дар нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар шаҳри Исломобод қарор дорад.